Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо задухӯрд байни нерӯҳои Русия ва Украина


Артиши Украина 27-уми январ гуфт, дар 24 соати гузашта миёни нерӯҳои ин кишвар ва артиши таҷовузгари Русия наваду ҳашт задухӯрд сурат гирифтааст.

Манбаъ афзуд, зарбаҳои мушакӣ ва ҳавоии зиёди Русия боис ба талафот дар байни ғайринизомиён гардид.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар эъломияе рӯзи шанбе гуфт, "мардуми осоишта кушта ва захмӣ шуданд", аммо ҷузъиёт надод.

"Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабҳо, кӯдакистон, маркази савдо ва зербунёдҳои дигари ғайринизомӣ низ вайрон шуданд ё зарар диданд," -- омадааст дар эъломия.

Ситоди кул мегӯяд, мудофеони Украина даҳҳо ҳамлаи Русияро дар Авдиевка, Бахмут, Маринка ва Купянски вилояти Донетск зада баргардонданд.

XS
SM
MD
LG