Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон "огоҳӣ"-и Амрикоро пеш аз ҳамлаи Кирмон рад кард


Қурбониёни таркиш дар Кирмон
Қурбониёни таркиш дар Кирмон

Эрон гузориши баъзе аз расонаҳоро дар бораи онки гуё Амрико пеш аз таркишҳои маргбор дар шаҳри Кирмон ба Теҳрон огоҳӣ дода буд, рад кард.

Бар асари ду таркиш рӯзи 3-юми январи имсол дар Кирмон зиёда аз 90 нафар кушта шуданд.

Масъулияти онро гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пазируфт.

Вазорати иттилооти Эрон “тарроҳ” ва “пуштибони аслии ҳамларо”-ро шахсе бо номи мустаори “Абдуллоҳ Тоҷикӣ”, “тоҷикистонӣ” ва “мутахассиси бомбаҳои худсохт” муаррифӣ кард.

Яке аз ҳамлаварон низ "Исроил Бозоров, 24-сола ва аз Тоҷикистон" муаррифӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина ҳеч шарҳе надодаанд.

Рӯзномаи The Wall Street Journal рӯзи 25-уми январ дар бораи ҳушдори хадамоти кашфи Амрико ба Эрон гузориш дод.

ИРНА, хабаргузории расмии Эрон, хабар дод, ки як манбаи дипломатии огоҳ гузориши рӯзномаи амрикоиро рад кардааст.

Таркишҳо дар маросими ёдбуди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯҳои Қудси Эрон рух доданд.

Сулаймонӣ 3-юми январи соли 2020 ҳангоми сафар бо мошин дар наздикии фурудгоҳи байнулмилалии Бағдод бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG