Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввал бошгоҳи «Аланяспор»-и Туркияро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Голро Салам Ашӯрмамадов ба самар расонд.
Дар бозии дуюми санҷишӣ мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бар дастаи ҷавонони «Спартак»-и Москва бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Ҳайдар Сатторов ва Алиҷон Кароматуллозода заданд.
Дар доираи ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимиву тамринӣ дар Анталия мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) боз як бозии санҷишӣ баргузор мекунад.
Ин ҷамъомад як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мебошад, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар шаҳри Доҳаи Қатар доир мегардад.
Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайланд рақобат мекунад.