Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон Раимбек Матраимовро мекобанд


Раимбек Матраимов
Раимбек Матраимов

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимовро таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон навиштанд, ки Матраимов ба "мусоидат ба маҳдуд кардани озодии шахсе, ки дар ҳаракатҳои ӯ нишонаҳои ҷиноят дида намешавад" муттаҳам аст.

Худи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки Матраимов нахуст ба Туркия ва аз онҷо ба Дубай сафар кардааст.

Хабаргузории "Kaktus.media" навиштааст, ки Матраимов садҳо миллион соми ваъдаиро ба буҷаи давлат насупурда, пинҳон шудааст.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

Моҳи октябри соли 2020 Матраимовро дар фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай 1 миллиард 400 миллион сом пули нақд ва 600 миллион сом ба давлат амвол пардохт. Матраимов дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.

XS
SM
MD
LG