Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Рустам Холиқов, раиси пешини "Тоҷик Эйр", дар Душанбе


Рустам Холиқов. Акс аз бойгонӣ
Рустам Холиқов. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии парвандаи Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати "Тоҷик Эйр" ва мудири пешини Фурудгоҳи Душанберо сар кардааст.

Мақомот Холиқовро ба дуздии миллионҳо сомонӣ муттаҳам мекунанд. Назари раиси пешини “Тоҷик Эйр” ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

Дар Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми январ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиаи дувум аз рӯи парвандаи Рустам Холиқов ҳамин рӯз баргузор мешавад. Мурофиа дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад ва барои ҳамин хабарнигори Радиои Озодӣ натавонист дар он ширкат кунад.

Як масъули додгоҳ гуфт, мурофиа боз аст, аммо ба сабаби маҳдудиятҳои Боздоштгоҳи муваққатӣ наметавонанд хабарнигоронро роҳ диҳанд. Дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ваъда доданд, ки мурофиаи навбатиро дар бинои додгоҳ мегузаронанд ва ба хабарнигорон иҷозаи иштирок медиҳанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи майи соли гузашта хабар дода буд, ки алайҳи Рустам Холиқов бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” – парванда кушодаанд.

Ҷузъиёти бештари парвандаи Холиқов дастрас нест.

Хабарнигори Радиои Озодӣ 26-уми январ шоҳид буд, ки парвандаи раиси пешини ширкати “Тоҷик Эйр”-ро дар халтаи калони полиэтилени (шиваки) ба додгоҳ оварданд.

Рустам Холиқов аз соли 2008 то 2016 раҳбарии ширкати давлатии "Тоҷик Эйр"-ро ба уҳда дошт. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ соли 2021 маълум карда буд, ки як созиши бастаи Рустам Холиқов ба қарздор кардани ширкати "Тоҷик Эйр" сабаб гаштааст.

Сухан дар бораи як созишномаи шубҳабарангез бо ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" меравад, ки дертар "Тоҷик Эйр"-ро беш аз 20 миллион доллар қарздор кард.

Рустам Холиқов бо раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми кушодани корхонаи “Ситабр-Агро” , 18-уми сентябри 2020
Рустам Холиқов бо раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми кушодани корхонаи “Ситабр-Агро” , 18-уми сентябри 2020

"Тоҷик Эйр", ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон, солҳои дароз аст, ки мушкили молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по рост кардани он, вазъи ширкат беҳ нашуд ва ҳавопаймоҳояш аз парвоз монданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG