Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рейтерз": Чин аз Эрон хостааст, ки монеи ҳамлаи ҳусиҳо дар Баҳри Сурх шавад"


Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз чаҳор манбаи эронӣ ва як дипломати огоҳ гузориш дод, ки Чин аз Ҷумҳурии исломии Эрон хостааст, то ба пешгирӣ аз ҳамлаҳои гурӯҳи Ҳусӣ ба ҳаракати киштиҳо дар Баҳри Сурх кӯмак кунад ва дар ғайри он, робитаҳои тиҷоратии Теҳрон ва Пекин "осеб" хоҳад дид.

Ин манбаъҳои эронӣ гуфтаанд, ки мавзуи ҳамлаҳои ниманизомиёни ҳусӣ ва тиҷорат байни Чин ва Эрон дар чандин нишасти ахир дар Пекин ва Теҳрон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин манбаъҳо аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи замони баргузории нишастҳо ё афроди иштироккунанда дар ин музокирот худдорӣ кардаанд.

Яке аз мақомоти эронӣ, ки нахостааст номаш ошкор шавад, ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, "асосан Чин мегӯяд, агар ба ҳар тариқе ба манфиатҳои мо осеб ворид шавад, бар тиҷорати мо бо Теҳрон таъсир мегузорад. Бинобар ин, ба ҳусиҳо бигӯед хештандорӣ кунанд".

Ҳусиҳои Яман аз ду моҳ қабла ҳамлаҳои худ ба масири байналмилалии киштиронӣ дар Баҳри Сурх ва Халиҷи Аданро оғоз карданд. Онҳо мегӯянд, то замоне, ки юриши Исроил ба Ғазза идома дорад, ин ҳамлаҳоро идома хоҳанд дод.

Ҳамлаҳои ҳусиҳо боиси афзоиши хароҷоти боркашонӣ ва бима (суғурта) шудааст. Ҳамчунин ин ҳамлаҳо боиси халадор шудани роҳҳои тиҷоратии калидӣ байни Осиё ва Аврупо, ки ба таври густурда тавассути киштиҳои чинӣ истифода мешавад, шудааст.

Бо ин ҳол, чаҳор манбаи эронӣ гуфтаанд, мақомҳои чинӣ ҳеҷ изҳори назар ё таҳдиди хосе дар бораи чигунагии таъсири идомаи ҳамлаҳои ҳусиҳо ба робитаҳои тиҷоратии Пекин ва Теҳрон накардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Чин дар посух ба пурсиши "Рейтерз" дар бораи гуфтугӯҳо бо Эрон дар бораи ҳамлаҳо дар Баҳри Сурх гуфт, "Чин дӯсти самимии кишварҳои Ховари Миёна аст ва ба дунболи рушд ва шукуфоии муштарак мебошад".

Дар ҳамин замина, рӯзномаи "Financial Times" рӯзи чаҳоршанбе навишт, ки Амрико чанд бор аз Чин хостааст, то аз Теҳрон бихоҳад, ки аз ҳамлаи ҳусиҳо ба киштиҳои тиҷоратӣ дар Баҳри Сурх пешгирӣ кунад. Гурӯҳи "Ҳусӣ" дар Яман аз ҳимояти Эрон бархӯрдор мебошанд.

Ин рӯзнома ба нақл аз чанд мақоми амрикоӣ навишт, ки фишори дипломатӣ бар Пекин ҳанӯз ба натиҷа нарасидааст ва нишонаҳое аз кӯмаки Чин дар ин замина дида нашудааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар се моҳи гузашта борҳо ин масъаларо б мақомоти баландояи Чин дар миён гузошта, аз онҳо хостааст, то ба Эрон ҳушдор бидиҳанд, ки дар иртибот бо ҷанги Ғазза, ба таниш дар Ховари Миёна доман назананд.

Ба гуфтаи ин мақомоти амрикоӣ, Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ва муовинаш дар мулоқоти ин моҳ дар Вашингтон бо раиси бахши байналмилалии Ҳизби коммунисти Чин, ин мавзуъро мавриди баҳс қарор додаанд.

Ниманизомиёни Ҳусӣ дар ду моҳи гузашта дастикам 23 бор ба масирҳои киштиронӣ дар Баҳри Сурх ва Халиҷи Адан ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодӣ анҷом доданд.

Ҳусиҳо мегӯянд, ки ин ҳамлаҳоро дар дифоъ аз фаластиниҳо дар баробари Исроил анҷом медиҳанд ва киштиҳоеро ҳадаф қарор медиҳанд, ки ба навъе бо Исроил иртибот дошта бошанд. Ҳарчанд бисёре аз киштиҳои мавриди ҳуҷуми ҳусиҳо таъкид доштаанд, ки ҳеҷ иртиботе бо Исроил надоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG