Ду зане, ки аз сӯи мақомоти Узбекистон бо айби савдои одамон ҷустуҷӯ мешуданд, рӯзи 24 январ аз Туркия ба Узбекистон интиқол дода шуданд.
Ба иттилои консулгарии Узбекистон дар Туркия, гумонбарон Дилноза Умарова, соли таваллудаш 1985 ва Мавлудахон Улмасова, соли таваллудаш 1983 ҳастанд. Ин ду нафарро мақомоти Узбекистон мутаносибан аз солҳои 2017 ва 2018 дар пайгард қарор додаанд.
Занҳо дар як амалиёти муштараки намояндагони вазорати корҳои дохилии Узбекистон ва Туркия рӯзи 10 январ боздошт шудаанд.