Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори як расонаи Ҷопон дар Кобул


Парчами Толибон.
Парчами Толибон.

Раёсати амнияти миллии гуруҳи Толибон хабарнигори хабаргузории "Киодо"-и Ҷопон Эҳсон Акбариро дар шаҳри Кобул дастгир кардаанд.

Дар ин бора Маркази рӯзноманигории Афғонистон (AFJC) хабар додааст. Ҳамкорони Акбарӣ низ аз боздошти ӯ ба Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон иттилоъ додаанд.

Ба иттилои ҳомиёни расонаҳо, Эҳсон Акбарӣ рӯзи 17 январ ба Маркази давлатии иттилоотӣ дар Кобул даъват шудааст ва маъмурони Раёсати амнияти миллии Толибон ӯро дар онҷо дастгир карда, бо худ бурдаанд. Маҳалли будубоши ӯ феълан номаълум аст.

Дертар Акбарӣ ба хонаводааш занг зада, хостааст, ки телефонашро ба маъмурон бидиҳанд.

Маъмурони амниятии Толибон худи он рӯз коргоҳи хабаргузориро дар Кобул бозҷӯӣ карда, навори дурбинҳои назоратӣ, компютерҳо, телефони моҳвораӣ ва ҳуҷҷатҳоро бо худ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG