Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё: 11 даста ба 1/8 финал баромад


Марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар, ки бо иштироки 24 тими миллӣ ҷараён дорад, шаби панҷшанбеи 25-уми январ ба поён мерасад.

Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

24-уми январ бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “D” барпо гардид.

Мунтахаби Ҷопон бар Индонезия бо ҳисоби 3:1 ва дастаи Ироқ бар тими Ветнам бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.

Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ироқ бо касби 9 имтиёз ғолиб гардид. Ҷопон бо касби 6 имтиёз дуюм шуд. Ҳарду даста ба 1/8 финал роҳ ёфт.

Индонезия бо касби 3 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Ветнам бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Қатар ва Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Австралия ва Узбекистон (“В”), Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (“С”), Ироқ ва Ҷопон (“D”) ва Арабистони Саудӣ (“F”) ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.

Боз як дастаи дигар аз гурӯҳи “F” ва ду дастаи пешсаф аз гурӯҳи “Е”, ки ба плей-офф мебароянд, баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар ин гурӯҳҳо шаби 25-уми январ муайян хоҳанд шуд.

Инчунин аз байни дастаҳои ҷойҳои сеюм, ки нишондодҳои хубтар доранд, то ҳоло ду даста - Фаластин аз гурӯҳи “С” (4 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 5-5) ва Сурия аз гурӯҳи “В” (4 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 1-1) ба ҳаққи ширкат дар 1/8 финал мушарраф мешаванд.

Боз ду дастаи дигари нишондодҳояш хубтари ҷойҳои сеюм пас аз натиҷагирии бозиҳои даври охирин дар гурӯҳҳои “Е” ва “F” шаби 25-уми январ маълум хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар дар гурӯҳи “А” бо касби 4 имтиёз ҷойи дуюмро гирифт, ба плей-офф роҳ ёфт.

Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи якшанбеи 28-уми январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Доҳа соати 19:00 бо вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи “D”: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам

Япония - Индонезия - 3:1

Голҳо: Аясе Уэда, 6 (аз пеналти), 52 - Юстин Хюбнер, 88 (автогол), Сэнди Уэлш, 90.

Корти зард: Струик, 42, Эндо, 68, Минамино, 70, Амат, 77, Хюбнер, 78.

24-уми январ. Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Тумама».

Ироқ - Ветнам - 3:2

Голҳо: Сулака, 47, Ҳусейн, 73, 90 (аз пеналти Ироқ, Буй Хоанг Вет Ан, 42, Нгуен Куанг Хай, 90 – Ветнам.

Дар дақиқаи 83-юм Ҳусейн (Ироқ) тӯбро аз пеналти ба нишон нарасонд.

Корти зард: Кхуат, 6, Нгуен, 45, Маҷид, 51, Буй Хоанг Вет Ан, 82.

Корти сурх: Кхуат, 45. (Ветнам).

24-уми январ. Эр-Райян, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад.

25-уми январ (панҷшанбе)

Гурӯҳи “E”: Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Урдун, Баҳрайн

Ҷумҳурии Корея - Малайзия, Ал-Вакра, варзишгоҳи Ал-Ҷануб, 16:30

Урдун - Баҳрайн, Ар-Райян, варзишгоҳи Халифа, 16:30

Гурӯҳи “F”: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон

Арабистони Саудӣ - Тайланд, Ар-Райян, варзишгоҳи Эдюкейшн сити, 20:00

Қирғизистон - Умон, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 20:00

1/8 финал

28-уми январ (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 21:00

ТоҷикистонИмороти Муттаҳидаи Арабӣ

Доха, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG