Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 кушта ва 130 захмӣ дар ҳамлаи мушакии Русия ба Украина


Харков
Харков

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи густардаи мушакии Русия ба кишвараш, ки 23-юми январ сурат гирифт, 18 нафар кушта ва 130 тани дигар захмӣ шуд.

Зеленский афзуд, эҳтимол теъдоди қурбониёни ин ҳамла афзоиш ёбад. Амалиёти наҷот дар Харков идома дошта, харобаҳоро бартараф мекунанд.

“Дар он бинои баландошёна мардуми одӣ зиндагӣ мекарданд. Русияи муосир имрӯз як зиндагии муқаррариро барои худ таҳдид медонад", - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Украина, дар ин ҳамла беш аз 200 иншоот, аз ҷумла 139 бинои баландошёнаи зисти кишвараш осеб дидааст.

Артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои Русия рӯзи 23-юми январ бо истифода аз мушакҳои болдор ба Украина ҳамла кард. Артиши Русия ҷамъан 41 мушак сар дода, низоми дифои ҳавоии Украина 21-тои онро сарнагун кардааст.

XS
SM
MD
LG