Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муъминов сармураббии "Вахш" шуд


Тоҳирҷон Муъминов, акс аз бойгонӣ
Тоҳирҷон Муъминов, акс аз бойгонӣ

Тоҳирҷон Муъминов, мутахассиси 53-солаи футболи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи якуми Тоҷикистон – “Вахш”-и Бохтар – таъйин гардид.

Ду ҳафта пеш Муъминов баъди ба поён расидани қарордоди яксолаи ҳамкориаш ба ҳайси сармураббӣ дар дастаи дигаи олӣ - “Равшан”-и Кӯлоб - аз ин бошгоҳ рафт.

“Равшан” соли гузашта бо роҳбарии ин матахассиси пуртаҷриба нахуст соҳиби Ҷоми олӣ ё Суперкубоки Тоҷикистон гардида, баъдан ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.

Ҳамчунин “Равшан” порсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барандаи медалҳои нуқра гардид ва ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2, ки имсол доир мегардад, мушарраф шуд.

Чанд рӯз пеш Аҳлиддин Турдиев, мутахассиси 52-солаи тоҷик, сармураббии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб гардид.

Дастаи машҳур – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки таърихи 63-сола дорад, дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон се бор (1997, 2005, 2009) қаҳрамони кишвар ва ду маротиба (1996/1997, 2003) барандаи Ҷоми миллӣ шудааст.

Ин даста, ки солҳои охир «Хатлон»-и Бохтар ном дошт, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ҷойи охирин - 10-умро ишғол кард ва аз лигаи олӣ хориҷ шуд.

Дастаи “Хатлон”, ки имсол номи пештарааш – “Вахш”-ро гирифт, дар мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Тоҳирҷон Мӯъминов, ки 9-уми августи соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, солҳои мухталиф дар дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Энергетик”-и Душанбе ва “Наврӯз”-и Андиҷони Узбекистон бозӣ кардааст.

Вай аз соли 1992 то 2001 узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.

Тоҳирҷон Муъминов ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои “Энергетик” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Хайр” (Ваҳдат), “Равшан” (Кӯлоб), ССКА “Помир” (Душанбе) ва «Истаравшан» (Истаравшан), инчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст.

Ин мутахассиси варзидаи футболи тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси сармураббии яке аз бошгоҳҳои футболи ин кишвар ифои вазифа намудааст.

XS
SM
MD
LG