Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон Лубнонро шикаст дод ва ба 1/8 финал баромад


Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар дар гурӯҳи “А” мунтахаби Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Бозии даври охирин дар гурӯҳи “А” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Лубнон 22-юми январ дар варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамади шаҳри Доҳа доир гардид.

Дар нимаи аввали бозӣ ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд.

Ҳарсе гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Бассел Ҷрадӣ, бозигари мунтахаби Лубнон, дар дақиқаи 47-ум ҳисобро кушод. Вай тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сахт ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид кард.

Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 80-ум ҳисобро баробар намуд. Тӯби аз масофаи дур ва берун аз ҷаримагоҳ задаи ӯ ба нишон расид.

Голи дуюм ва ҳалкунандаи мунтахаби Тоҷикистонро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 90+2 аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сар ба самар расонид.

Бояд гуфт, ки ду бори дигар тӯб вориди дарвозаи лубнониҳо гардида буд. Аммо сардовари ин бозӣ Муҳанад Қосим Саррай, довари 43-солаи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), аз Ироқ голҳои футболбозони тоҷикро ҳисоб накард. Кӯмакдоварони ӯ (VAR) баъди тамошои видео ҳолати нобозӣ ё офсайдро ба қайд гирифтанд.

Дар дақиқаи 56-ум сардовар баъди тамошои видео (VAR) бозигари мунтахаби Лубнон Қосим Ал-Зейнро, ки ба пойи рақибаш қасдан зад, корти сурх нишон дод. То охири дидор ҳайати тими миллии Лубнон аз даҳ нафар иборат буд.

Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) дар байни 210 тими миллӣ мунтахаби Тоҷикистон мақоми 106-ум ва дастаи Лубнон мақоми 107-умро касб кардаанд. Ин аввалин бозӣ миёни ҳарду тими миллӣ буд.

Ҳамзамон бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “А”байни дастаҳои Қатар ва Чин дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи Доҳа доир гардид. Бозӣ бо пирӯзии қатариҳо бо ҳисоби 1:0 ба охир расид. Голро Ҳасан Ал-Ҳайдос, дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 66-ум зад.

Дарвоқеъ, нимҳимоятгар Ҳамадонӣ Камолов, ки дар бозӣ бо тими Қатар корти сурх гирифта буд, муқобили Лубнон ба майдон набаромад. Зимнан, бо қарори кумитаи интизомии AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) Камолов аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум шудааст.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар нишасти матбуотии пеш аз бозии охирини даври гурӯҳӣгуфта буд, “барои мо рақобат бо тими миллии Лубнон ин финал аст. Бозии мазкур ҳам барои мо ва ҳам барои рақиб хеле душвор хоҳад буд.”

Ҳамин тавр ҳам шуд. Бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ ҳалкунанда буд ва бо натиҷаи мусбат, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Футболбозони тоҷик, ки бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми дуюмро соҳиб шуданд, ба ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд.

Дастаи мизбон – мунтахаби Қатар, ки баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм бо касби 9имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” мақоми аввалро гирифт, ба плей-офф баромад.

Дастаи Чин бо касби ду имтиёз дар зинаи сеюм ва тими Лубнон бо касби як имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифтанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар бо иштироки 24 тими миллӣ ҷараён дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин азмиёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии ҶомиОсиё-2023 роҳ меёбанд.

То ҳоло аз 16 дастаи иштироккунандаи даври ҳаштякниҳоии мусобиқот шаштоаш муайян шудааст:: Қатар ва Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Австралия (“В”), Эрон (“С”), Ироқ (“D”) ваАрабистони Саудӣ (“F”).

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

12-уми январ (ҷумъа)

Қатар - Лубнон - 3:0

Голҳо: Акрам Афиф, 45, 90+6, Алмоез Алӣ, 56.

Корти зард: Аҳмад Алаа, 86, Педро Мигел, 90 - Муҳаммад Хайдар, 51, Ҳасан Сурур, 80.

Лусаил, Варзишгоҳи миллии «Lusail Iconic Stadium». 82 490 тамошобин.

13-уми январ (шанбе)

Чин – Тоҷикистон – 0:0

Корти зард: Ванг Чангюан, 28 - Чин, Парвизҷон Умарбоев, 74, Шаҳром Самиев, 90+4 – Тоҷикистон.

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 4001 тамошобин.

Даври 2-юм

17-уми январ (чоршанбе)

Чин – Лубнон – 0:0

Доҳа, варзишгоҳи Al Thumama Stadium

Тоҷикистон - Қатар – 0:1

Гол: Акрам Афиф, 17 (0:1)

Корти зард: Манучеҳр Сафаров, 35, Ваҳдат Ҳанонов, 81, Алиҷони Айнӣ, 90+10 – Тоҷикистон, Аҳмад Фазӣ, 45+1, Муҳаммад Ваад, 60, Педро Мигуэл, 90+11 – Қатар.

Корти сурх: Ҳамадонӣ Камолов, 81 (Тоҷикистон)

Доҳа, варзишгоҳи Al Baut Stadium, 57460 тамошобин.

Даври 3-юм

22-юми январ (душанбе)

Тоҷикистон – Лубнон – 2:1

Голҳо: Бассел Ҷрадӣ, 47 (0:1), Парвизҷон Умарбоев, 80 (1:1), Нуриддин Ҳамроқулов, 90+2 (2:1).

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста,Табрез Исломов, 90+12), Алишер Шукуров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 72), Парвизҷон Умарбоев, Шервонӣ Мабатшоев(Нуриддин Ҳамроқулов, 72), Алишер Ҷалилов(Руслан Хайлоев, 88), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 72).

Корти зард: Зоир Ҷӯрабоев, 27, Эҳсони Панҷшанбе, 90+7, Руслан Хайлоев, 90+12 –Тоҷикистон, Мустафо Матар, 77, Ҳусейн Ал-Зейн, 90+4 – Лубнон.

Корти сурх: Қосим Ал-Зейн, 56 (Лубнон).

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад.

Қатар – Чин – 1:0

Гол: Ҳасан Ал-Ҳайдос, 66 (1:0).

Доҳа, варзишгоҳи байнулмилалии Халифа.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қатар

3

3

0

0

5-0

9

2

Тоҷикистон

3

1

1

1

2-2

4

3

Чин

3

0

2

1

0-1

2

4

Лубнон

3

0

1

2

1-5

1

ҶОМИ ОСИЁ-2023: ТАҚВИМИ ДАВРИ ГУРӮҲӢ ВА ПЛЕЙ-ОФФ

Гурӯҳи “B”: Узбекистон, Австралия, Сурия, Ҳиндустон

23 январ сешанбе)

Австралия - Узбекистон, Ал-Вақра, варзишгоҳи Ал-Ҷануб, 16:30

Сурия - Ҳиндустон, Ал-Ҳавр, варзишгоҳи Ал-Байт, 16:30

Гурӯҳи “C”: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, Фаластин

23-юми январ (сешанбе)

Эрон - Иморот, Ар-Райян, варзишгоҳи Эдюкейшн сити, 20:00

Ҳонконг - Фаластин, Доха, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 20:00

Гурӯҳи “D”: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам

24-уми январ (чоршанбе)

Ҷопон - Индонезия, Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама, 16:30

Ироқ - Ветнам, Ар-Райян, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад, 16:30

Гурӯҳи “E”: Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Урдун, Баҳрайн

25-уми январ (панҷшанбе)

Ҷумҳурии Корея - Малайзия, Ал-Вақра, варзишгоҳи Ал-Ҷануб, 16:30

Урдун - Баҳрайн, Ар-Райян, варзишгоҳи Халифа, 16:30

Гурӯҳи “F”: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон

25-уми январ (панҷшанбе)

Арабистони Саудӣ - Тайланд, Ар-Райян, варзишгоҳи Эдюкейшн сити, 20:00

Қирғизистон - Умон, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 20:00

1/8 финал

28-уми январ (якшанбе)

Бозии 1-ум, 16:30. Австралия - 3A/C/D (Ар-Райян)

Бозии 2-юм, 21:00. Тоҷикистон - 2C (Ар-Райян)

29-уми январ (душанбе)

Бозии 3-юм, 16:30. Ироқ - 3B/E/F (Ар-Райян)

Бозии 4-ум, 21:00. Қатар - 3C/D/E (Ал-Ҳавр)

30-юми январ (сешанбе)

Бозии 5-ум, 16:30. 2B - 2F (Ал-Вақра)

Бозии 6-ум, 21:00. Арабистони Саудӣ - 2E (Ар-Райян)

31-уми январ (чоршанбе)

Бозии 7-ум, 16:30. 1E - 2D (Доҳа)

Бозии 8-ум, 21:00. Эрон - 3A/B/F (Доҳа)

1/4 финал

2-юми феврал (ҷумъа)

Бозии 1-ум, 16:30

Бозии 2-юм, 20:30

3-юми феврал (шанбе)

Бозии 3-юм, 16:30

Бозии 4-ум, 20:30

Нимфинал

6-уми феврал (якшанбе), 20:00

7-уми феврал (душанбе), 20:00

ФИНАЛ

10-уми феврал (сешанбе), 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбеаст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG