Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон: "Бозӣ бо Лубнон барои мо финал аст"


Тими миллии футболи Тоҷикистон бозии сеюмашро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар гурӯҳи “А” 22-юми январ бо мунтахаби Лубнон анҷом медиҳад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамади шаҳри Доҳа баргузор мешавад. Бозии дигари даври охирин дар ин гурӯҳ байни дастаҳои Қатар ва Чин 22-юми январ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи Доҳа доир мегардад. Ҳарду бозӣ соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Сардовари бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Лубнон Муҳаннад Қосим Саррай, довари 43-солаи FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол), аз Ироқ мебошад.

Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари FIFA Ватек Мдаллал Убайд Ал-Свайдӣ ва Аҳмад Сабоҳ Қосим Ал-Бағдодӣ кӯмак мекунанд. Аҳмад Абубакр Саид Ал-Каф аз Умон довари эҳтиётӣ таъйин шудааст. Кӯмакдоварони видеоӣ (VAR) Холид Солеҳ Ал-Тураис ва Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ мебошанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар дар доираи омодагӣ ба бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи Лубнон тамринҳои расмиашро анҷом дод.

Дар гурӯҳи умумии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар машқ кард. Ҳимоятгар Холмурод Назаров бинобар ҷароҳат бардоштанаш дар рақобат бо дастаи Лубнон иштирок намекунад.

Ҳамчунин, нимҳимоятгар Ҳамадонӣ Камолов, ки дар бозӣ бо тими Қатар корти сурх гирифт, наметавонад муқобили Лубнон ба майдон барояд. Зимнан, бо қарори кумитаи интизомии AFC Камолов аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум шудааст.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, дар нишасти матбуотии пеш аз бозии охирини даври гурӯҳӣ гуфт, “барои мо рақобат бо тими миллии Лубнон ин финал аст. Бозии мазкур ҳам барои мо ва ҳам барои рақиб хеле душвор хоҳад буд. Ҳатто қабл аз оғози Ҷоми Осиё-2023 бисёриҳо пешгӯӣ мекарданд, ки бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ ҳалкунанда хоҳад буд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Лубнон рақиби пурқувват аст. Мо бозиҳои лубнониҳоро тамошо кардем, таҳлил намудем, онҳо бозиҳои моро тамошо кардаанд. Дар рақобат бо дастаи Лубнон бояд бо низом бозӣ кунем, аз имконоти худ истифода бурда, ба хато роҳ надиҳем. Кӯшиш мекунем, ки футболи худро бозӣ кунем. Бовар дорам, ки бачаҳо дар майдон барои ба даст овардани натиҷаи мусбат мубориза мебаранд".

Дастаи мизбон – мунтахаби Қатар, ки баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” пешсаф аст, новобаста аз натиҷаи бозии охирини худ бо мунтахаби Чин мақоми аввалро касб карда, пешакӣ соҳиби роҳхат ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шуд.

Дастаи Чин бо касби ду имтиёз дар зинаи дуюм аст. Тимҳои Тоҷикистону Лубнон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд. Ин се даста барои ба плей-офф баромадан талош мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар бо иштироки 24 тими миллӣ ҷараён дорад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

То ҳоло аз 16 дастаи иштироккунандаи даври ҳаштякниҳоии мусобиқот панҷтоаш муайян шудааст: Қатар (гурӯҳи “А”), Австралия (“В”), Эрон (“С”), Ироқ (“D”) ва Арабистони Саудӣ (“F”).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қатар

2

2

0

0

4-0

6

2

Чин

2

0

2

0

0-0

2

3

Тоҷикистон

2

0

1

1

0-1

1

4

Лубнон

2

0

1

1

0-3

1

Даври 3-юм

22-юми январ (душанбе)

Тоҷикистон - Лубнон, Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад, 20:00 (бо вақти Душанбе)

Қатар - Чин, Доҳа, варзишгоҳи байнулмилалии Халифа, 20:00 (бо вақти Душанбе)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG