Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё: Чаҳор даста ба 1/8 финал роҳ ёфт


Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳҳои “А”, “В”, “С” ва “D” чаҳор дастаи мунтахаб - Қатар, Австралия, Эрон ва Ироқ - пешакӣ ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё бо иштироки 24 тими миллӣ дар Қатар ҷараён дорад. Дар даври гурӯҳӣ дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

То ҳоло аз 16 дастаи иштироккунандаи даври ҳаштякниҳоии мусобиқот чаҳортоаш муайян шудааст.

Дастаи мизбон – мунтахаби Қатар, ки баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм бо касби шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” пешсаф аст,

новобаста аз натиҷаи бозии охирини худ бо мунтахаби Чин мақоми аввалро касб карда, пешакӣ соҳиби роҳхат ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шуд.

Дастаи Чин бо касби ду имтиёз дар зинаи дуюм аст. Тимҳои Тоҷикистону Лубнон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чаҳорум қарор доранд. Ин се даста барои ба плей-офф баромадан талош мекунанд.

Тими миллии Тоҷикистон бозии сеюмашро дар гурӯҳи “А” 22-юми январ бо мунтахаби Лубнон анҷом медиҳад. Бозии дигари даври охирин дар ин гурӯҳ байни дастаҳои Қатар ва Чин доир мегардад. Ҳарду бозӣ соати 18:00 бо вақти маҳаллӣ (20:00 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси хорватӣ, дар бораи интизориаш аз бозии даври охирин гуфтааст, “мо барои ба даври плей-офф баромадан имконияти хуб дорем. Барои ин бояд Қатар дастаи Чинро мағлуб кунад. Бовар дорам, мо метавонем Лубнонро шикаст диҳем ва ба ҳаштякфинал бароем.”

Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Австралия, ки дар ҳарду бозӣ ба тимҳои Ҳиндустон (2:0) ва Сурия (1:0) пирӯз шудааст, бо касби 6 имтиёз аз ҷои аввал ба плей-офф баромад.

Мунтахаби Узбекистон, ки бозии аввалро бо Сурия (0:0) мусовӣ карда, дар бозии дуюм Ҳиндустонро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод, бо касби 4 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад.

Мунтахаби Сурия, ки як имтиёз дорад, дар ҷои сеюм аст, вале дастаи Ҳиндустон бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.

Дар даври сеюм 23-юми январ Узбекистон бо Австралия бозӣ мекунад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои Ҳиндустон ва Сурия доир мегардад.

Аз гурӯҳи “С” бошад, тими миллии Эрон бо касби 6 имтиёз пешакӣ ба плей-офф баромад. Эрониҳо дар ду бозӣ бар дастаҳои Фаластин (4:1) ва Ҳонконг (1:0) пирӯз шуданд.

Дар ин гурӯҳ Имороти Муттаҳидаи Араб бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Фаластин бо касби як имтиёз ҷои сеюмро азони худ кардааст. Ҳонконг бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Дар бозиҳои даври охирин, ки 23-юми январ сурат мегирад, Иморот бо Эрон ва Фаластин бо Ҳонконг рақобат мекунанд.

Аз гурӯҳи “D” мунтахаби Ироқ бо касби 6 имтиёз пешакӣ ба плей-офф баромад. Ироқиҳо дар ду бозӣ бар Индонезия (3:1) ва Ҷопон (2:1) ғалаба карданд.

Дастаҳои Ҷопон ва Индонезия бо касби сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Ветнам, ки дар ҳарду бозиаш шикаст хӯрд, бидуни имтиёз дар зинаи охирин аст.

Дар даври сеюм 24-уми январ Индонезия бо Ҷопон ва Ветнам бо Ироқ бозӣ мекунанд.

Дар ду гурӯҳи дигар – “Е” ва “F” - бозиҳои даври дуюм рӯзҳои 20-21-уми январ баргузор мешаванд: 20-уми январ – гурӯҳи «Е»: Урдун - Ҷумҳурии Корея (16:30) ва Баҳрайн - Малайзия (19:30), 21-уми январ - гурӯҳи «F»: Умон - Тайланд (19:30), Қирғизистон – Арабистони Саудӣ (22:30).

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Е”: 1. Урдун (3 имтиёз). 2. Ҷумҳурии Корея (3). 3. Баҳрайн (0). 4. Малайзия (0).

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “F”: 1. Тайланд (3 имтиёз). 2. Арабистони Саудӣ (3). 3. Умон (0). 4. Қирғизистон (0).

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

12-уми январ (ҷумъа)

Қатар - Лубнон - 3:0

Голҳо: Акрам Афиф, 45, 90+6, Алмоез Алӣ, 56.

Корти зард: Аҳмад Алаа, 86, Педро Мигел, 90 - Муҳаммад Хайдар, 51, Ҳасан Сурур, 80.

Лусаил, Варзишгоҳи миллии «Lusail Iconic Stadium». 82 490 тамошобин.

13-уми январ (шанбе)

Чин – Тоҷикистон – 0:0

Корти зард: Ванг Чангюан, 28 - Чин, Парвизҷон Умарбоев, 74, Шаҳром Самиев, 90+4 – Тоҷикистон.

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 4001 тамошобин.

Даври 2-юм

17-уми январ (чоршанбе)

Чин – Лубнон – 0:0

Доҳа, варзишгоҳи Al Thumama Stadium

Тоҷикистон - Қатар – 0:1

Гол: Акрам Афиф, 17 (0:1)

Корти зард: Манучеҳр Сафаров, 35, Ваҳдат Ҳанонов, 81, Алиҷони Айнӣ, 90+10 – Тоҷикистон, Аҳмад Фазӣ, 45+1, Муҳаммад Ваад, 60, Педро Мигуэл, 90+11 – Қатар.

Корти сурх: Ҳамадонӣ Камолов, 81 (Тоҷикистон)

Доҳа, варзишгоҳи Al Baut Stadium, 57460 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қатар

2

2

0

0

4-0

6

2

Чин

2

0

2

0

0-0

2

3

Тоҷикистон

2

0

1

1

0-1

1

4

Лубнон

2

0

1

1

0-3

1

Даври 3-юм

22-юми январ (душанбе)

Тоҷикистон - Лубнон, Доҳа, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад, 20:00 (бо вақти Душанбе)

Қатар - Чин, Доҳа, варзишгоҳи байнулмилалии Халифа, 20:00 (бо вақти Душанбе)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG