Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби нави размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов маълум шуд


Лоиқ Раҷабов
Лоиқ Раҷабов

Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷик, қувваозмоии навбатии худро дар мусобиқоти UFC дар вазни сабук бо Абдулкарим Ал-Селвадӣ аз Урдун баргузор мекунад. Ин набард 2-юми марти имсол дар Арабистони Саудӣ дар назар аст.

Ин набарди сеюми размикори 33-солаи тоҷик Лоиқ Раҷабов дар UFC ба шумор меравад. Рақиби наваш Абдулкарими 28-сола бори аввал дар UFC ҳунарнамоӣ мекунад.

Размикори тоҷик бо ташкилоти UFC барои чор муҳориба қарордод бастааст. Аввалин рақобати Раҷабов дар доираи мусобиқоти UFC 285 моҳи марти соли гузашта муқобили варзишгари бебохти аргентинӣ Эстебан Рибович дар Лас-Вегаси Амрико баргузор шуда буд.

Рақобат бисёр сахт сурат гирифт ва дар ҷараёни он Лоиқ ва рақибаш чанд дафъа ба “нокдаун” рафтанд. Раҷабов бо қарори якдилонаи доварон ғолиб омад.

“Мусобиқаи UFC 285 яке аз муҳорибаҳои муҳим дар ин ташкилот аст. На ба ҳар кас муяссар мешавад, ки дар чунин мусобиқаи муҳим ширкат варзида, ғолиб шавад. Худоро шукр, ин чиз ба ман даст дод”, - гуфт Лоиқ Раҷабов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Вале Раҷабов моҳи июни соли гузашта дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) аз размикори Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски дар раунди дуюм шикаст хӯрд.

Лоиқ Раҷабов, ки дар муҳорибаҳои ММА аз соли 2012 ширкат мекунад, 17 ғалаба, 5 бохт ва 1 мусовӣ дорад. Натиҷаҳои Абдул-Карим Ал-Селвадии урдунӣ 15 ғалаба ва 3 бохт аст.

Лоиқ Раҷабов зодаи ноҳияи Данғара мебошад. Вай дар хурдсолиаш ҳамроҳи модараш ба Душанбе омада, дар мактаби варзишӣ машқ мекард. Ӯ тамринро аз гуштии ҷудо оғоз карда, баъдан муҳорибаҳои омехта, яке аз намудҳои вазнин ва хатарноки варзишро интихоб намудааст.

XS
SM
MD
LG