Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти баъзе рӯзноманигорони Русия аз расонаҳои Қирғизистон


11 рӯзноманигори дастгиршуда дар Қирғизистон
11 рӯзноманигори дастгиршуда дар Қирғизистон

Рӯзноманигорони расонаҳои мустақили Русия бо нашри номае аз рӯзноманигорони ҳабсшуда дар Қирғизистон пуштибонӣ карданд.

Дар Қирғизистон рӯзи 17-уми январ якбора 11 рӯзноманигори таҳқиқгар бо айби даъват ба бетартибӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин чанд хабарнигори дигарро ба бозпурсӣ даъват карданд.

Рӯзноманигорони расонаҳои Русия дар номаи худ аз ҳамкасбони дигар ва созмонҳои иҷтимоӣ даъват кардаанд, ки зери нома имзо гузоранд ва дар бораи рӯзноманигорони боздоштшуда ба мақомоти Қирғизистон суол диҳанд.

"Барои таъқиби рӯзноманигорони мустақил бо таҳрим ҷорӣ шавад!" - омадааст дар номаи рӯзноманигорони мустақили Русия.

"Ҳабси якбора 11 рӯзноманигор бо айби "даъват ба бертартибии оммавӣ" нигарониҳоро тасдиқ кард: мақомоти Қирғизистон нисбат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷанг эълом карда, аз силоҳи таъқиб кор мегирад. Ин ҷиддитарин зарба ба озодии баён дар кишвар аст, ки дар он озодии баён яке аз қавитаринҳо дар Осиёи Марказӣ буд", - омдааст дар нома.

Зери нома рӯзноманигори таҳқиқгар Андрей Захаров - сармуҳаррири маҷаллаи "Холод", Таисия Бекбулатова - сармуҳаррири "7х7", Олег Григоренко - расонаи "Проверено.Медиа", маҷаллаҳои DOXA, "Медиазона" ва муассиси ҷоизаи "Редколлегия" Сергей Пархоменко имзо гузоштаанд.

Ахиран чанд созмони ҳомии ҳуқуқ низ аз расонаҳои Қирғизистон ҳимоят карданд.

XS
SM
MD
LG