Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии ҷаҳонии кӯчиҳо имсол дар Остона мегузарад


Бозии ҷаҳонии кӯчиҳо имсол аз 8 то 14-уми сентябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад.

Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон хабар дод, ки иштироки ҳудуди 4 ҳазор варзишгари беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар ин бозиҳо дар назар аст.

Бозиҳои мазкур бо ташаббуси Қирғизистон аз соли 2014 ба ин сӯ баргузор мешаванд.

Даври аввал ва дувуми бозиҳо солҳои 2016 ва 2018 дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон гузашта буд.

Туркия соли 2018 ҳаққи баргузории бозиҳоро дарёфт кард.

XS
SM
MD
LG