Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти дастаҷамъонаи расонаҳои Қазоқистон ба Кумитаи амният


Рӯзноманигорони қазоқистонӣ, ки мавриди ҳамлаи киберӣ қарор гирифта буданд, ба Кумитаи амнияти миллии он кишвар шикоят кардаанд.

Шикояти муштарак ба кумита аз номи расонаҳои "Inbusiness.kz", "Kursiv.Media", "Protenge.kz", "Shishkin_like", "AIRAN" ва тарҳи "Обожаю" фиристода шудааст.

Онҳо ҳамчунин ба вазоратҳои иттилооту рақамикунонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шикоят кардаанд.

Қаблан блогерон ва тарҳҳои расонаие, ки дар бораи равандҳои сиёсӣ менависанд ва ҳаводиси январии Қазоқистонро бозтоб мекунанд, гуфтанд, ба саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамлаи киберӣ сурат гирифтааст. Ба назари масъулони расонаҳо, ин ҳамлаҳо ҳадафмандона ҳастанд.

Муаллифи тарҳи "Обожаю" ва рӯзноманигори қазоқистонӣ Асхат Ниёзов ҳафтаи гузашта хабар дод, ки саҳифаи ӯву падару модар, аъзои оила ва ҳамкоронаш дар паёмакрасони "WhatsApp" масдуд шудааст.

Тарҳи "ProTenge", ки харҷи пулҳои буҷаи давлат, ташкили тендер ва харидҳои давлатиро дар Қазоқистон таҳлил мекунад, гуфт, саҳифаи ӯ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм мавриди ҳамлаи киберӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG