Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО бузургтарин размоиш дар 40 соли ахирро баргузор мекунад


Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё худ НАТО моҳи январи имсол бузургтарин размоиши низомӣ давоми 40 соли ахирро дар Аврупо оғоз мекунад.

Дар ин размоиш ҳудуди 90 ҳазор одам, ҳавопаймоҳо, киштиҳои эътилоф ва Шветсия иштирок хоҳанд кард.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар размоиши НАТО ҳудуди 40 ҳазор нафар ширкат мекунад.

"Размоиши "Муҳофизи устувор" дар Олмон, Лаҳистон ва кишварҳои назди Балтик баргузор мешавад. Расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки низомиёни НАТО сенарияи дифоъ ҳангоми таҷовузи Русияро тамрин мекунанд.

Кишварҳои узви НАТО соли 2023 бузургтарин размоиши низомии ҳавоии эътилофро дар Аврупо баргузор карда буданд. Ин размоиш дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина гузаронида шуд. Бештари сиёсатшиносони ғарбӣ, аз ҷумла президенти Амрико Ҷо Байден бар ин аст, ки Русия дар сурати пирӯзӣ дар ҷанги Украина ба яке аз кишварҳои узви эътилоф ҳамла мекунад.

Маскав ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG