Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқоти мавсими нави ҷудо омодо мешаванд


Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқоти аввалини мавсими нави ҷудо омодагӣ мебинанд. Онҳо нахуст дар Гран-прии Португол (Grand Prix Portugol 2024), ки рӯзҳои 26-28-уми январ доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Португол иштироки беш аз 670 варзишгар аз 94 кишвар дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 паҳлавон дар рақобатҳо миёни мардон ва як нафар миёни занон намояндагӣ мекунанд.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Сӯфиев (ҳарду дар вазни то 60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Умедҷон Раҷабов ва Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни то 90 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 100 кг) дар сабқати мардон, инчунин Аҳлия Муъминова (-52 кг) дар сабқати занон рақобат хоҳанд кард.

Баъдан паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи сернуфузи «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2024), ки аз 2-юм то 4-уми феврал бо иштироки беш аз 630 варзишгар аз 105 кишвар дар Порис баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар - Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Сӯфиев (ҳарду дар вазни -60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни -66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) - дохиланд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби кишвар дар шаҳри Сочии Русия ба ин мусобиқоти бузург омода мешавад.

Ҷамъомади таълимию тамринии даста дар Сочи тибқи нақшаи ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия баргузор шудааст.

Ба ҷамъомад, ки 11-уми январ шуруъ шуд, мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори ва Фотеҳ Маҳмадбеков роҳбарӣ мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи «Тоскӯлоҳи бузург» (Paris Grand Slam 2024) 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG