Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шегрт: Дар бозӣ бо Қатар барои имтиёзҳо талош мекунем


Петар Шегрт (аз тарафи чап)
Петар Шегрт (аз тарафи чап)

Тими миллии футболи Тоҷикистон бозии дуюмашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар 17-уми январ бо тими мизбон анҷом медиҳад.

Бозии гурӯҳи “А" миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Қатар дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Доҳа (Давҳа) соати 17:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қатар дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бозӣ муқобили дастаи мизбон барои имтиёзҳо талош мекунанд.

“Бозӣ бо қаҳрамони феълии Осиё бисёр душвор мешавад. Албатта, мунтахаби Қатар аз тими миллии Чин пурқувваттар аст. Ҳар як даста вазифаҳои худро дорад. Мо мехоҳем, ки натиҷаи мусбат ба даст орем, соҳиби се ё як имтиёз шавем. Ҳарчанд мефаҳмем, ки ин осон нахоҳад буд. Кӯшиш менамоем, ки футболи худамонро бозӣ кунем. Фикр мекунам, мунтахаби Қатар низ моро ҳамчун рақиби ҷиддӣ қабул менамояд”, - иброз дошт сармураббӣ.

Доварони бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қатар аз Ҷопон мебошанд. Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Ҳироюки Кимураи 41-сола таъйин шудааст.

Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “А” 17-уми январ байни дастаҳои мунтахаби Чин ва Лубнон доир мегардад.

Тими миллии футболи Тоҷикистон аввалин бозиашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар дар гурӯҳи “А” 13-уми январ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи шаҳри Доҳа бо мунтахаби Чин бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буд.

Дастаи мунтахаби Қатар дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи “А” 12-уми январ дар шаҳри Лусаил, дар Варзишгоҳи миллии «Lusail Iconic Stadium» тими миллии Лубнонро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал мунтахаби Қатар бо касби се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” пешсаф аст. Дастаҳои Чину Тоҷикистон якимтиёзӣ гирифтаанд. Тими Лубнон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

МУДДАИЁНИ АСЛИИ УНВОНИ ҚАҲРАМОНИ ОСИЁ-2023

24 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ба назари коршиносон муддаии аслии унвони қаҳрамони Осиё дар Қатар мунтахаби Ҷопон ба шумор меравад, ки аз ҳама бештар – чаҳор ор - барандаи Ҷоми Осиё шудааст. Қаҳрамони феълии Осиё – Қатар - унвони худро дар мусобиқоте, ки мизбон аст, ҳимоя хоҳад кард.

Ба ғайр аз ин дастаҳо, ба қатори муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Осиё тимҳои миллии Австралия, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ироқ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбекистон дохиланд.

ҶОМИ ОСИЁ-2023: ТАҚВИМИ ДАВРИ ГУРӮҲӢ ВА ПЛЕЙ-ОФФ (бо вақти Душанбе):

Гурӯҳи “A”: Қатар, Чин, Тоҷикистон, Лубнон

12 январ

Қатар – Лубнон – 3:0, Лусаил, Варзишгоҳи миллӣ

13 январ

Чин – Тоҷикистон – 0:0, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа

17 январ

Лубнон - Чин, Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама, 16:30

Тоҷикистон - Қатар, Доҳа, варзишгоҳи Ал-Байт, 19:30

22 январ

Қатар - Чин, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 20:00

Тоҷикистон - Лубнон, Ар-Райян, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад, 20:00

Гурӯҳи “B: Узбекистон, Австралия, Сурия, Ҳиндустон

13 январ

Австралия – Ҳиндустон – 2:0, Ар-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

Узбекистон – Сурия – 0:0, Ар-Райян, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад

18 январ

Сурия - Австралия, Ар-Райян, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад, 16:30

Ҳиндустон - Узбекистон, Ар-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ, 19:30

23 январ

Австралия - Узбекистон, Ал-Вақра, варзишгоҳи Ал-Ҷануб, 16:30

Сурия - Ҳиндустон, Ал-Ҳавр, варзишгоҳи Ал-Байт, 16:30

Гурӯҳи “C: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, Фаластин

14 январ

Иморот – Ҳонконг – 3:1, Ар-Райян, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа

Эрон – Фаластин – 4:1, Ар-Райян, варзишгоҳи Эдюкейшн сити

18 январ

Фаластин - Иморот, Ал-Вақра, варзишгоҳи Ал-Ҷануб, 22:30

19 январ

Ҳонконг - Эрон, Ар-Райян, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 22:30

23 январ

Эрон - Иморот, Ар-Райян, варзишгоҳи Эдюкейшн сити, 20:00

Ҳонконг - Фаластин, Доха, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 20:00

Гурӯҳи D: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам

14 январ

Ҷопон – Ветнам – 4:2, Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама

15 январ

Индонезия – Ироқ– 1:3, Ар-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

19 январ

Ироқ - Ҷопон, Ар-Райян, варзишгоҳи Эдюкейшн сити, 1630

Ветнам - Индонезия, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 19:30

24 январ

Ҷопон - Индонезия, Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама, 16:30

Ироқ - Ветнам, Ар-Райян, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад, 16:30

Гурӯҳи E: Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Урдун, Баҳрайн

15 январ

Ҷумҳурии Корея – Баҳрайн – 3:1, Ар-Райян, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад, Малайзия – Урдун – 0:4, Ал-Вақра, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

20 январ

Урдун Ҷумҳурии Корея, Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама, 16:30

Баҳрайн - Малайзия, Ар-Райян, варзишгоҳи ба номи шайх Ҷассим бин Ҳамад, 19:30

25 январ

Ҷумҳурии Корея - Малайзия, Ал-Вақра, варзишгоҳи Ал-Ҷануб, 16:30

Урдун - Баҳрайн, Ар-Райян, варзишгоҳи Халифа, 16:30

Гурӯҳи “F: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон

16 январ

Тайланд - Қирғизистон, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 19:30

Арабистони Саудӣ - Умон, Ар-Райян, варзишгоҳи Халифа, 22:30

21 январ

Умон - Тайланд, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 19:30

Қирғизистон Арабистони Саудӣ, Ар-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ, 22:30

25 январ

Арабистони Саудӣ - Тайланд, Ар-Райян, варзишгоҳи Эдюкейшн сити, 20:00

Қирғизистон - Умон, Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 20:00

1/8 финал


28 январ

Бозии 1-ум, 16:30. 1B - 3A/C/D (Ар-Райян)

Бозии 2-юм, 21:00. 2A - 2C (Ар-Райян)

29 январ

Бозии 3-юм, 16:30. 1D - 3B/E/F (Ар-Райян)

Бозии 4-ум, 21:00. 1A - 3C/D/E (Ал-Ҳавр)

30 январ

Бозии 5-ум, 16:30. 2B - 2F (Ал-Вақра)

Бозии 6-ум, 21:00. 1F - 2E (Ар-Райян)

31 январ

Бозии 7-ум, 16:30. 1E - 2D (Доҳа)

Бозии 8-ум, 21:00. 1C - 3A/B/F (Доҳа)

1/4 финал


2 феврал

Бозии 1-ум, 16:30

Бозии 2-юм, 20:30

3 феврал

Бозии 3-юм, 16:30

Бозии 4-ум, 20:30

Нимфинал

6 феврал, 20:00

7 феврал, 20:00

Финал

10 феврал, 20:00

XS
SM
MD
LG