Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як рӯзноманигор дар Озарбойҷон бо иттиҳоми қочоқ


Элнара Гасимова
Элнара Гасимова

Додгоҳе дар шаҳри Боку рӯзноманигори Abzas Media Элнара Гасимоваро ба кумони қочоқи арзи хориҷӣ 2,5 моҳ ба ҳабс гирифт.

Гасимова дар додгоҳ айби эъломшударо эътироф накард. Вай гуфт, баъди боздошту ҳабси кормандони дигари Abzas Media фаъолияти расонаи мазкурро пеш бурд ва ба ҳамин далел дастгир шудааст.

Беҳрӯз Байрамов, вакили мудофеи Гасимова гуфт, ба зидди қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Мақомоти Озарбойҷон Элнара Гасимоваро рӯзи 13-уми январи имсол боздошт карда буданд.

Пештар дар доираи парвандаи қочоқи арзи хориҷӣ панҷ корманди дигари расонаи Abzas Media боздошт шуда буданд.

Мақомоти Озарбойҷон моҳи ноябри соли 2023 коргоҳи Abzas Media-ро бозҷӯӣ карданд. Пулис мегӯяд, дар пайи он бозҷӯӣ аз коргоҳи расона 40 ҳазор евро пайдо шудааст. Дар асоси ин маблағ нисбати коргарони расона парвандаи қочоқи асъор боз ва онҳоро аз 3 то 4 моҳ боздошт кардаанд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон озодии ҳамаи рӯзноманигорони боздоштшударо талаб карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG