Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Ироқ ва Сурия. Курдистон хоҳони вокуниш шуд


Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон субҳи 16-уми январ эълон кард, ки минтақаҳоеро дар шаҳри Арбили иқлими Курдистони Ироқ ва Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод. Расонаҳои Эрон видеои кӯтоҳеро нашр карданд, ки сар додани мушакҳои Сипоҳи посдоронро нишон медиҳад.

Дар яке аз хабарномаҳои Сипоҳ омадааст, ки дар ин ҳамлаҳо "марказҳои ҷосусӣ"-и Исроил дар иқлими Курдистони Ироқ нишон гирифта шудааст.

Чанд дақиқа қабл аз нашри иттилоия, хабаргузории "Рейтерс" ба нақл аз манбаъҳои амниятии Ироқ гузориш дод, ки фаъолияти фурудгоҳи Арбил пас аз шунидани садои таркиш бас шуд.

Сипоҳи посдорон гуфтааст, ҳамлаҳо ба иқлими Курдистон дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳони Сипоҳи посдорон ва "Ҷабҳаи муқовимат" буд ва дар ин ҳамлаҳо "яке аз қароргоҳҳои ҷосусӣ"-и Исроилро аз байн бурдаанд.

Хабаргузории "Рейтерс" дар гузориши дигаре навиштааст, ки садои таркиш аз минтақае дар ҳудуди 40-километрии шарқи Арбил ва наздикии консулгарии Амрико шунида шуд.

Бо ин ҳол, мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, биноҳо ва иншооти вобаста ба Иёлоти Муттаҳида дар Арбил ҳадафи ҳамла набуданд.

Шӯрои амнияти ҳукумати Курдистони Ироқ дар баёнияе эълон кард, ки дар ҳамлаи Арбил дастикам чаҳор ғайринизомӣ кушта ва шаш нафар захмӣ шудаанд. Ин ниҳод ҳамлаҳои ҳавои Сипоҳи посдоронро "ҷиноят" хонд.

Чанд соат пас аз ин ҳамлаҳо, Масрур Боризонӣ, нахуствазири иқлими Курдистони Ироқ бо нашри баёнияе дар шабакаи "Х" (Твиттери пешин) ҳамлаҳои Сипоҳи посдоронро маҳкум кард ва гуфт, дар ин ҳамлаҳо чандин ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Боризонӣ ҳамлаҳои Сипоҳи посдоронро "ғайри қобили қабул" ва "нақзи ошкорои ҳокимияти Ироқ ва иқлими Курдистон" донист ва аз ҳукумати марказӣ дар Бағдод хостааст, ки дар баробари он мавзеъгирӣ кунад. Вай ҳамчунин аз муттаҳидони иқлими Курдистон дар ҷомеаи байнулмилалӣ хост, нисбат ба ин амали Сипоҳи посдорони Эрон хомӯш наистанд.

Хабаргузории "Рейтерс" ба нақл аз манбаъҳои амниятӣ ва пизишкӣ дар Ироқ навишт, ки як тоҷири миллионери курд ва чанд узви хонаводааш дар миёни кушташудаҳо ҳастанд. Бар асоси гузориш, хонаи як мақоми баландпояи амниятии Курдистони Ироқ ва як маркази истихборотӣ низ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Эрон пеш аз ин низ ба мавзеъҳое дар иқлими Курдистони Ироқ ҳамла карда, гуфта буд, ки ин минтақа маҳалли фармондеҳии амалиёти гурӯҳҳои ҷудоиталаби эронӣ ва ҳамчунин гумоштаҳои Исроил аст.

Сипоҳи посдорон ҳамчунин дар хабарномаи дигаре бо ишора ба ҳамлаҳои мушакии худ ба Сурия навиштааст, ки дар ин ҳамлаҳо қароргоҳи афроде, ки дар таркиши Кирмон ва ҳамлаи мусаллаҳона дар Систон ва Балучистон даст доштанд, аз байн бурда шуданд.

Ҳамлаи мусаллаҳона дар вилояти Систон ва Балучистон ҳудуди як моҳ қабл сурат гирифт ва бар асари он дастикам 12 корманди пулиси Эрон кушта шуданд. Гурӯҳи "Ҷайш-ул-Адл" масъулияти онро ба ӯҳда гирифт.

Масъулияти ҳамлаи рӯзи 3-юми январ ба маросими ёдбуди Қосим Сулаймонӣ дар Кирмонро гурӯҳи "Давлати исломӣ" пазируфт. Дар ин ҳамла дастикам 89 нафар ҷон бохтанд.

Мақомоти эронӣ бархе ҳамлаваронро шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтанд. Ҷониби Тоҷикистон то кунун ба ин изҳороти мақомоти эронӣ вокуниш нишон надодааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG