Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Туркия гуфт, Эрдуғон ба Тоҷикистон меояд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар назар аст, ба Тоҷикистон биояд.

Дар ин бора Умут Аҷар, сафири Туркия дар Душанбе, рӯзи 15-уми январ хабар дод, аммо санаи дақиқеро нагуфт.

“Эҳтимол сафар дар баҳори имсол сурат гирад," – гуфт ӯ.

Ба қавли сафир, масъалаи сафари Эрдуғонро ба Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар дидори охираш ба мақомот дар Душанбе расонидааст.

Интизор меравад, дар доираи ин сафар ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузорӣ баррасӣ шавад.

Туркия аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар бозорҳои кишвар хариди молу маҳсулоти туркӣ зиёд ба назар мерасад.

Муносиботҳои дипломатӣ миёни ин ду кишвар 29-уми январи соли 1992 барқарор шудааст.

XS
SM
MD
LG