Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколатдор: 517 кӯдак аз Русия ба Украина баргардонда шуд


Дмитро Лубинетс, Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсони Украина
Дмитро Лубинетс, Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсони Украина

Аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина (феврали 2022) то охири соли 2023 аз ин кишвар 19 ҳазору 546 кӯдакро маҷбурӣ ба Русия бурда, дар онҷо нигоҳ медоранд.

Ин омор мавридҳоеро дар бар мегирад, ки расман исбот шудааст.

Дар ин бора Ваколатдори ҳуқуқи инсони Украина Дмитро Лубинетс рӯзи 14-уми январи имсол хабар дод.

Вай гуфт, дар ин муддат 517 кӯдакро ба Украина баргардонданд.

Низомиёни Русия мегӯянд, "кӯдаконро аз амалиёти ҷангӣ наҷот додаанд" ва омода ҳастанд, ки дар сурати пайдо шудани волидон ва ё сарпарастонашон онҳоро баргардонанд.

Лубинетс гуфт, онҳо 2828 шахси болиғро низ аз Русия ба Украина баргардонданд, ки дар миёнашон 150 ғайринизомӣ ҳаст.

"Вазифаи мо ин аст, ки ҳамаро баргардонем," - гуфт Дмитрий Лубинетс.

Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки "нерӯи худро дар ин самт муттаҳид кунанд".

XS
SM
MD
LG