Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии нави “Равшан” маълум шуд


Аҳлиддин Турдиев
Аҳлиддин Турдиев

Аҳлиддин Турдиев, мутахассиси 52-солаи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи олии футоли Тоҷикистон - «Равшан»-и Кӯлоб гардид.

Ба иттилои бошгоҳи “Равшан”, бо ин мутахассиси варзида ба мувофиқа расидаанд ва маросими ба имзо расонидани шартнома рӯзҳои наздик доир мегардад.

Аҳлиддин Турдиев 15-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “имрӯз шиносоии ман бо дастаи “Равшан” ва аввалин тамринамон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Ман ба ҳайси ёвари худ Алиҷон Турдиназаров ва бархе аз бозигаронро даъват кардаам, ки бо мо роҳбарияти бошгоҳ рӯзҳои наздик шартнома мебандад.”

Алиддин Турдиев дар ин вазифа Тоҳирҷон Муъминовро иваз кард. Муъминов, мутахассиси 53-солаи тоҷик, баъди ба итмом расидани шартномаи яксолаи ҳамкориаш ба ҳайси сармураббӣ дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо аъзои бошгоҳ хайрухуш кард.

“Равшан” соли гузашта бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба нахуст соҳиби Ҷоми олӣ ё Суперкубоки Тоҷикистон гардида, баъдан ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2023 роҳ ёфт, вале дар бозии ниҳоӣ аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мағлуб шуда, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

“Равшан” порсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барандаи медалҳои нуқра гардид ва ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2, ки имсол доир мегардад, мушарраф шуд.

“Равшан” соли гузашта дар Ҷоми AFC дар гурӯҳи худ бо касби се имтиёз ҷои сеюмро гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар даври баъдии мусобиқот бенасиб монд.

АҲЛИДДИН ТУРДИЕВ КИСТ?

Аҳлиддин Турдиев ба ҳайси сармураббӣ дар дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон - «Энергетик»-и Душанбе (соҳои 2009-2011), “Далерон”-и Истаравшан (2014), КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе (2023) ва “Куктош”-и Рӯдакӣ (соли 2018 мураббии калон, 2023 – сармураббӣ) - кор кардааст.

Турдиев солҳои 2012-2013 мураббии Академияи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, солҳои 2014-2018 сармураббии дастаи “Уқобони Ҳиндукуш”-и Афғонистон ва солҳи 2019-2022 сармураббии дастаи наврасон ва ҷавонони мунтахаби Тоҷикистон буд.

Сармуббии ҳайати ҷавонони “Локомотив-Помир” (Душанбе) Аҳлиддин Турдиев, ки ҳамзамон сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон буд, соли 2020 беҳтарин мураббии мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ дониста шудааст.

Аҳлиддин Турдиев ҳамчун ҳимоятгар дар дастаҳои «Шодмон» (Ҳисор), «Ситора» (Душанбе), «Варзоб» (Душанбе), «Шахтёр» (Солигорск), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Хима» (Душанбе) муваффақона бозӣ кардааст.

Вай чандин бор ба унвони қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон мушарраф шудааст. Ӯ соли 2005 дар ҳайати «Регар-ТадАЗ» ғолиби Ҷоми раиси AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) гардидааст.

Аҳлиддин Турдиев, инчунин, дар ҳайати бошгоҳи «Шахтёр»-и Солигорск бо медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Беларус мукофотонида шуда, дар Ҷоми УЕФА (Созмони футболи Аврупо) бозӣ кардааст.

Вай дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2004 беш аз 20 бозӣ анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG