Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду рӯзноманигори эронӣ аз маҳбас озод шуданд


Нилуфар Ҳамидӣ ва Илоҳа Муҳаммадӣ.
Нилуфар Ҳамидӣ ва Илоҳа Муҳаммадӣ.

Ду рӯзноманигори эронӣ, ки барои бозтоби эътирозҳо дар пайи ҳалокати ҳомии ҳуқуқ Маҳсо Аминӣ ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, то баррасии шикояташон дар Додгоҳи таҷдиди назар аз маҳбас озод гаштанд.

Радиои Фардо хабар дода, ки рӯзноманигорон 14 январ зиндони занонаи Эвини шаҳри Теҳронро тарк карданд. Мақомоти Эрон гуфтанд, рӯзноманигорон баъди пардохти замонатпулӣ муваққатан озод шуданд ва ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд.

Рӯзноманигорон Нилуфар Ҳамидии 31-сола 7 сол ва Илоҳа Муҳаммадии 36-сола 22-юми октябри соли гузашта 6 сол зиндонӣ шуда буданд. Додгоҳ онҳоро ба "ҳамкорӣ бо ҳукумати душманонаи Амрико" гунаҳкор кард.

Ҳамчунин рӯзноманигорон дар амалҳои зидди амнияти миллӣ ва тарғиб зидди ҳукумат айбдор шуданд.

Вакилони мудофеъ гуфтанд, рӯзноманигорон иттиҳоми эъломшударо эътироф накардаанд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон моҳи сентябри соли 2022 ва аз марги духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ шуруъ шуд. Ин духтари ҷавон баъди боздошташ ба гумони риоя накардани қонуни ҳиҷоб дар шароити мармуз даргузашт ва ин ҳодиса садҳо ҳазор сокини Эронро ба хашм овард.

Нилуфар Ҳамидӣ баъди он боздошт шуд, ки лаҳзаи ба оғӯш гирифтани волидони Аминиро дар бемористон акс гирифту дар шабакаҳо нашр кард. Муҳаммадиро баъди хабар додан дар бораи маросими дафни Аминӣ боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG