Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали "пешво"-ро аз назди як донишгоҳ бардоштаанд


Яке аз муҷассамаҳои Нурсултон Назарбоев
Яке аз муҷассамаҳои Нурсултон Назарбоев

Муҷассама ё ҳайкали раисҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро аз назди Донишгоҳи Миллии Мудофиаи ин кишвар дар шаҳри Остона бардоштаанд.

Масъулони Вазорати дифои Қазоқистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, муҷассамаро барои он гирифтанд, ки номи элбасӣ (пешво) аз унвони Донишгоҳ ҳазф шуд.

Манбаъ афзудааст, муҷассамаро муваққатӣ дар яке аз анборҳои вазорат нигоҳ медоранд.

Ҳайкали Назарбоевро, ки дар либоси низомӣ тасвир ёфтааст, соли 2020 ба муносибати 80-солагии ӯ гузошта буданд.

Нурсултон Назарбоев ва пайвандонаш пас аз эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар моҳи январи соли 2022 аз қудрат ва мансабҳои калидиву тиҷоратҳои сердаромад дар Қазоқистон маҳрум карда шуданд.

XS
SM
MD
LG