Бозии дуюми даври аввал дар гурӯҳи “А” миёни тимҳои миллии Чину Тоҷикистон 13-уми январ дарварзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи шаҳри Доҳа дар ҳузури 4000 тамошобин баргузор шуд.
Дар ин дидор футболбозони тоҷик чандин лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, аммо муваффақ нашуданд. Аз ҷумла се бор тӯб баъди зарбаҳои сахти Алишер Ҷалилов аз масофаҳои мухталиф ба нишон нарасид.
Мунгахаби Чин ҳам лаҳзаҳои хуби голзанӣ дошт, аммо аз онҳо истифода карда натавонист.
Зимнан, даҳ дақиқа қабл аз анҷоми замони асосии дидор голи бо зарбаи сар задаи бозигари чинӣ Чжу Чэнтзе аз назди дарвозаи Рустам Ятимов бекор карда шуд.
Сардовари ин бозӣ Муҳаммад Халид Ал-Хоиш ваёваронаш (ҳама аз Арабистони Саудӣ) пас аз тамошои ин лаҳза тавассути видео (VAR) ба хулоса омаданд, ки гол дар ҳолати нобозӣ ё офсайд зада шудааст.
Нахустин бозии гурӯҳи “А”, ки 12-уми январ дар шаҳри Лусаил, дар Варзишгоҳи миллии «Lusail Iconic Stadium» дар ҳузури беш аз 80 ҳазор тамошобин доир шуд, бо пирӯзии қаҳрамони феълии Осиё – Қатар - бо ҳисоби бузурги 3:0 ба поён расид. Ду голро АкрамАфиф ва яктоашро Алмоез Алӣ заданд.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал мунтахаби Қатар бо касби се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” пешсаф аст.
Дастаҳои Чину Тоҷикистон якимтиёзӣ гирифтаанд. Тими Лубнон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистонбори аввал дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиёиштирок менамояд.
Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, бозии дуюмашро дар гурӯҳи “А” шоми чоршанбеи 17-уми январ бомунтахаби Қатар анҷом медиҳад.
Бозии дигари даври дуюм дар ин гурӯҳ байни дастаҳои Чин ва Лубнон доир мегардад.
ИШТИРОКИ 24 ДАСТА ДАР ҶОМИОСИЁ-2023
24 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоииҶоми Осиё-2023 тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳтақсим шудааст:
Гурӯҳи «А»: Қатар, Чин, Тоҷикистон, Лубнон.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Узбекистон, Сурия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, Фаластин.
Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам.
Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон.
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаибеҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба давриҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
ҶОИЗАҲОИ МОЛИИ ҶОМИ ОСИЁ
Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё дар Қатар 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дастаи ғолиб соҳиби 5 миллион доллар мешавад. Дастаҳои ширкаткунандаи бозии ниҳоӣ 3 миллиондоллар, иштирокунандагони даври ниманиҳоӣ 1 миллион доллар мегиранд.
Инчунин ба ҳар як дастаи иштирокдори Ҷоми Осиё200 ҳазор доллар супурда мешавад.
Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
12-уми январ (ҷумъа)
Қатар - Лубнон - 3:0
Голҳо: Акрам Афиф, 45, 90+6, Алмоез Алӣ, 56.
Корти зард: Аҳмад Алаа, 86, Педро Мигел, 90 - Муҳаммад Хайдар, 51, Ҳасан Сурур, 80.
Сардовар - Алиризо Фағонӣ (Эрон).
Лусаил, Варзишгоҳи миллии «Lusail Iconic Stadium». 82 490 тамошобин.
13-уми январ (шанбе)
Чин – Тоҷикистон – 0:0
Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров(Алиҷони Бӯризод, 89), Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+6), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 89).
Корти зард: Ванг Чангюан, 28 - Чин, Парвизҷон Умарбоев, 74, Шаҳром Самиев, 90+4 – Тоҷикистон.
Сардовар: Муҳаммад Халид Ал-Хоиш (АрабистониСаудӣ).
Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа, 4001 тамошобин.
Даври 2-юм
17-уми январ (чоршанбе)
Тоҷикистон - Қатар – соати 19:30 бо вақти Душанбе
Доҳа, варзишгоҳи Al Baut Stadium
Чин – Лубнон
Доҳа, варзишгоҳи Al Thumama Stadium