Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқлолхоҳ Лай Тсиндэ президенти Тайван шуд


Лай Тсиндэ (дар марказ) дар мақоми муовини президенти Тайван кор мекунад. Акс аз 3 январ
Лай Тсиндэ (дар марказ) дар мақоми муовини президенти Тайван кор мекунад. Акс аз 3 январ

Дар Тайван рӯзи 13 январ дар интихоботи президентӣ Лай Тсиндэ - номзади ҳизби Демократии рушд, ки ҳизби ҳоким мебошад, баранда гардид. Ду номзади дигари интихоботӣ - Хоу Юи аз ҳизби Гоминдан ва шахси мавриди ҳимояти Чин ва Кэ Вэнчжэ аз Ҳизби мардумии Тайван мағлубияти худро эътироф карданд.

Ҳизби Демократии рушди Лай, ки тарафдори истиқлолияти Тайван буда, иддаоҳои қаламравии Чинро рад мекунад, бори сеюм дар интихобот иштирок мекунад ва ин таҷрибаи бесобиқа барои низоми интихоботи Тайван мебошад. Чин борҳо Лайро як ҷудоиталаби хатарнок номида даъватҳои ӯро барои музокира рад кардааст.

Лай гуфтааст, равобити кишвараш бо Чин бояд “дӯстона” бошад, вале айни замон, барномаҳои дифоии ҷазирақаламравро тақвият медиҳад.

Як мусоҳиби оҷонсии Рейтер дар Кохи Сафед гуфтааст, ки новобаста ба натиҷаҳои интихобот сиёсати ИМА нисбати Тайван бетағйир мемонад ва равобити ғайрирасмӣ ҳифз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG