Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қирғизистон баъди марги Арстан Алай парванда боз кард


Додситонии кулли Қирғизистон нисбати кормандони маҳбаси №31 дар пайи марги Арстанбек Абдилдаев, ки ҳамчун Арстан Алай маъруф буд, парванда боз кардааст. Дар ин бора додситонии он кишвар 11 январ хабар дод.

Додситонии Қирғизистон мегӯяд, кормандони маҳбаси мазкур талаботи қонун "Дар бораи тартибот ва шароити нигаҳдории афроди боздоштшуда"-ро риоя накардаанд ва ба талошҳои худкушии Абдилдаев эътибор надодаанд ва амнияти ӯро таъмин накардаанд, ки дар натиҷа вай рӯзи 5 январ худро ба дор овехтааст.

Додситонӣ бо моддаи "Хунукназарӣ" парванда боз кардааст.

Вакили мудофеи Абдилдаев - Кайсин Абакиров рӯзи 5 январ гуфта буд, ҷасади ӯро 5 январ дар маҳбас пайдо кардаанд. Вакили мудофеъ гуфт, нафари таҳти ҳимояи ӯро, ки дар марҳилаи тафтишот қарор дошт, бе огоҳии вакил аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурдаанд.

Вакил аз додситонии кулли Қирғизистон даъват карда буд, ки гунаҳкорони марги Абдилдаев ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мақомоти иҷрои ҷазои Қирғизистон гуфтанд, Арстан Алай худкушӣ кардааст.

Ҷасади ӯро субҳи 05:15 дақиқаи субҳи 5 январ дар ошхонаи маҳбаси №31 пайдо кардаанд.

Дар мақомоти иҷрои ҷазои Қирғизистон гуфтанд, бо қарори додгоҳ вай то миёнаҳои моҳи январ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда буд. Аммо рӯзи 28 декабр бо тавсия пизишкон ӯро аз боздоштгоҳи муваққат ба маҳбас интиқол додаанд.

Ин фаъоли ҷамъиятии Қирғизистонро 15 декабр бо гумони "барангехтани адовати мазҳабӣ" боздошт карда буданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ "даъватҳое дорад, ки ба барангехтани адовати мазҳабӣ ва душмании байни мазҳабҳо равона шудаанд".

XS
SM
MD
LG