Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳифаҳои "Настоящее время" дар Белорус тундгароёна эътироф шуд


Дар Белорус сомона ва саҳифаҳои "Настоящее Время"-ро тундгароёна эълом карданд. Дар ин бора додгоҳе дар Белорус 5-уми январ қарор қабул кардааст.

Дар Белорус сомона ва саҳифаҳои "Настоящее Время"-ро тундгароёна эълом карданд. Дар ин бора додгоҳе дар Белорус 5 январ қарор қабул кардааст.

Бино ба қарори додгоҳ, тарҳҳои "Настоящее Время", "Настоящее Время. Азия", "Настоящее Время. Док", "Настоящее Время. Беларусь", "Настоящее Время. Сюжеты", "Настоящее Время. Балтия" тундгароёна эътироф шудаанд.

"Настоящее Время" - телевизионест, ки аз сӯи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва бо сармоягузории Конгресси ИМА таъсис шудааст.

Рисолати "Настоящее Время" аз пешбурди арзишҳо ва ниҳодҳои демократӣ, инчунин ҳуқуқи инсон иборат аст. Ин телевизион 24 соат дар шабонарӯз дар Русия, Украина, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, инчунин минтақаҳои дигар барнома пахш мекунад.

XS
SM
MD
LG