Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умар Кремлёв роҳбари беҳтарини соҳаи варзиш дар Русия шуд


Умар Кремлёв
Умар Кремлёв

Президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв, ки падараш зодаи Тоҷикистон аст, роҳбари беҳтарнини соҳаи варзиш дар соли 2023 дар Русия эътироф шуд. Пурсишро шуъбаи варзиши хабаргузории РИА Новости анҷом додааст.

Дар ин пурсиш ҳаводорони варзиш ба номзадҳо барои унвони бонуфузтарин ва барҷастатарин корманди варзиши сол овоз доданд. Пас аз натиҷагирии раъйдиҳӣ Умар Кремлёв, ки 26,2 дарсади овозҳоро гирифт, мақоми аввалро касб кард.

Ҷойи дуюмро мураббии машҳур ва раиси Федератсияи гимнастикаи бадеии Русия Ирина Виннер соҳиб шуд.

Раиси Кумитаи паралимпии Русия Павел Рожков дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифт.

Умар Кремлёв, соҳибкор аз Русия, ки аз 12–уми декабри соли 2020 президенти Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA - International Boxing Association) аст. Ӯ бо фаъолияти худ дар муттаҳид кардани федератсияҳои бокси кишварҳо ва қитъаҳои гуногун, инчунин, бо корҳои хайрхоҳонааш дар варзиши Русия маъруф аст.

Умар Кремлёв 1-уми ноябри соли 1982 дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскави Русия ба дунё омадааст. Падараш Назар Сафаров, ки феълан дар Русия ба сар мебарад, зодаи Тоҷикистон аст. Ӯ дар деҳаи Гулхонаи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ дар дараи Алмосии Ҳисор таваллуд шудааст.

Кремлёв порсол дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо падараш ба Ҳисор омада буд.

XS
SM
MD
LG