Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии "Салим-бойбача" дар бораи вакили фирории қирғиз


Соҳибкори боздоштшудаи узбекистонӣ Салим Абдувалиев, маъруф ба "Салим-бойбача" дар доираи парвандаи вакили фирории порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев бозпурсӣ шудааст.

Расонаҳо навиштанд, ки "Салимбойбача"-ро мақомоти интизомии Узбекистон ва Қирғизистон пурсиданд.

Мансабдори пешини Пулиси молӣ, вакили порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев ва раиси пешини дастгоҳи президенти он кишвар Бахтибек Калмуродов ба гирифтани ришва аз соҳибкор барои ҳалли як парвандаи вобаста ба қочоқ мутаҳам мешаванд.

Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон иҷоза дод, ки Эмил Жамгирчиев ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҷаласа рӯзи 9-уми январ пушти дарҳои баста гузашт.

Раиси Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон Алишер Эрбоев 10-уми январ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, Жамгирчиев ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешавад. Ба зидди ӯ дар Узбекистон ҳам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар Жамгирчиев гуфта буд, ки бо иттиҳомҳои эъломшуда розӣ нест ва онҳоро таъқиби сиёсӣ меҳисобад.

Баъд аз тасмими кумисюни вакилон, муфаттишони Додситонии кулли Қирғизистон талош кардаанд, ки даъватномаро барои бозпурсӣ ба Жамгирчиев супоранд. Вай вориди яке аз утоқҳо шуда, аз ошёнаи дувум ба ҳавлии порлумон ҷаҳида ва аз тафтишот фирор кардааст.

XS
SM
MD
LG