Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани муҳоҷир аз Тоҷикистон дар ҳавопаймо тифл ба дунё овард


​​​​​​​Як зани муҳоҷир дар роҳ аз Русия ба Тоҷикистон дар дохили ҳавопаймо тифл ба дунё овардааст.

Ҳодиса рӯзи 10-уми январ рӯй дод.

Ҳавопаймо аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ба ҳаво бархоста буд.

Ширкати "Уралские авиалинии" дар хабарномае гуфт, занро вақте дарди зоймон гирифт, ки ҳавопаймо дар баландтарин сатҳи мумкин барои парвоз қарор дошт.

Ба иттилои масъулони ширкат, ба зан роҳбалад Надежда Иванкина ва мусофир Мадина (пизишк будааст) кумак расондаанд.

Дар хабарномаи ширкат гуфта шудааст, ки ба зан ёрии зарурӣ расонда шуд ва тифл бе мушкил ба дунё омад.

Мусофирон ба зан ва тифлаш ҳамчун тӯҳфа 55 ҳазор рубл ва се ҳазор сомонӣ додаанд.

Тарҳи "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG