Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоле, ки Мирзиёевро танқид кард, маҷбурӣ табобат мегирад


Валиҷон Калонов
Валиҷон Калонов

Муҳлати табобати маҷбурии фаъоли маданӣ аз вилояти Ҷиззахи Узбекистон Валиҷон Калонов, ки ба таҳқири президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев дар шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳам аст, се моҳи дигар дароз карда шуд.

Қарорро Додгоҳи ноҳияи Шараф Рашидови Ҷиззах ҳанӯз 7 ноябри соли гузашта содир кардааст, аммо ҳоло дастраси расонаҳо гардид.

Дар қарори додгоҳ омадааст, "тафтиш муайян кард, ки вазъи равонии бемор Калонов беҳтар нашуда, аз кирдораш пушаймон нест".

Додгоҳ Валиҷон Калоновро 2-юми ноябри соли 2023 дар "Таҳқири оммавӣ ё туҳмат алайҳи президенти Узбекистон" айбдор эълом карда, дастур дода буд, ӯ иҷборан дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ табобат шавад.

Пизишкон гуфтаанд, ки "Калонов метавонад ба худ ва тарофиёнаш зарар расонад".

Валиҷон Калоновро маъмурони мубориза бо терроризми Вазорати корҳои дохилии Узбекистон 15-уми августи соли 2021 дастгир карда буданд. Ӯ баъд аз танқиди изҳороти президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки гуфта буд Тошканд ба умури дохилии Чин дахолат нахоҳад кард, дастгир шуд.

"Раисҷумҳур гуфт, Чин ба умури дохилии мо дахолат намекунад ва мо ба корҳои дохилии онҳо дахолат нахоҳем кард. Ман ба зидди ин изҳорот баромадам, зеро уйғурҳо бародарони мо - узбекҳо ҳастанд", - гуфта буд Калонов.

XS
SM
MD
LG