Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомиддин Тошовро ба гумони "кӯшиши табаддулот" меҷӯянд


Имомиддин Тошов
Имомиддин Тошов

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев 10-уми январ гуфт, соҳибкор ва молики ширкати сохтмонии "КЖ групп" Имомиддин Тошов ба гумони "кушиши табаддулоти давлатӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст.

Изҳороти Тошиев баъд аз нашри баёнияи Тошов садо дод. Онро фаъоли мадании Қирғизистон Тилекмат Куренов 27-уми декабри соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Соҳибкор гуфта буд, ки ӯро 8 рӯз бидуни сабаб боздошт карда, таҳдид кардаанд, ки ширкати сохтмонияшро мегиранд. Вай гуфт, шахсони ношиносе, ки ӯро боздошт карданд, худро маъмурони амниятӣ номиданд.

Ҳамчунин аз ӯ бар иловаи 52 миллион соме, ки соли 2023 дар доираи парвандаи ҷиноие пардохт карда буд, 100 миллион соми дигар талаб кардаанд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон афзуд, Тошов ҳангоми ҳузур доштан дар боздоштгоҳи муваққатӣ нақшаи табаддулоти давлатиро дошт ва бо Куренов дар ин бора телефонӣ суҳбат кардааст.

Тошов моҳи октябри соли 2023 дар доираи парвандаи вобаста ба қитъаи замине боздошт шуда буд, ки ба ҷои кӯдакистон дар онҷо хона бунёд гаштааст. Дертар хабар дода шуд, ки ӯро баъд аз пардохти ҷуброни зарар аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ кӯчонданд.

XS
SM
MD
LG