Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия


Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳоқон Фидан
Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳоқон Фидан

Ҳоқон Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Ӯ ва ҳамтои тоҷикистонияш Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 10-уми январ дар Душанбе мулоқот карданд.

Дар суҳбати ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахши сиёсату иқтисод, сармоягузорӣ, маорифу тандурустӣ, амният ва мубориза бо терроризм баррасӣ шуд.

Ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ аз масъалаҳои дигар буд.

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркияро барои солҳои 2024-2026 низ имзо шудааст.

XS
SM
MD
LG