Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот: Ҳам тоҷирон ва ҳам сокинон барои сабти телефон масъуланд


Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, сокинон ҳангоми харидани телефон ё планшет бояд аз тоҷирон пурсанд, ки боҷи гумрукии таҷҳизот супурда шудааст ё не.

Ба гуфтаи масъулони Хадамот, телефон ва ҳар дастгоҳҳои дигаре, ки бо симкорт кор мекунанд, ҳангоми овардан ба кишвар бояд дар нуқтаҳои гумрукӣ сабти ном карда шавад, вагарна қочоқӣ ба ҳисоб мераванд.

Масъалаи сабти IMEI ва пардохти боҷӣ гумрукӣ барои телефонҳо давоми як моҳ боз ба мавзӯи баҳс дар Тоҷикистон табдил шудааст. Сокинон мегӯянд, мақомот бо фиристодани паёмак аз онҳо талаб доранд, ки барои сабти номи телефонашон маблағ супоранд. Ҳол онки, ба гуфтаи сокинон, баъзе телефонҳоро аз фурӯшгоҳҳо дар Тоҷикистон гирифтаанд.

Хадамоти гумрук 8-уми январ ба Радиои Озодӣ дар номае ба суолҳои Радиои Озодӣ навиштааст, шаҳрвандон ҳангоми аз хориҷа овардани телефонҳое, ки барои фаъолияти фурӯш пешбинӣ нашудааст, метавонанд ба таври имтиёзӣ ва бе пардохти боҷи гумрукӣ онро ба расмият дароранд. Аммо гуфта нашудааст, ки агар шаҳрвандон телефонҳои худро сабти ном накунанд чӣ хоҳад шуд. Масъулини ин ниҳод танҳо ишора кардаанд, ки воридоти молу маводи бидуни бидуни қайди гумрукӣ ҳамчун моли қочоқӣ ба ҳисоб меравад ва ҷавобгарӣ дорад.

Ба иттилои Хадамоти гумрук, дар 11 моҳи соли гузашта 223 телефони қочоқиро ошкор кардаанд.

Хадамоти гумрук навиштааст, барои аз қайди гумрукӣ гузарондани телефонҳо аз шаҳрвандон 15 дарсад нархи мол ҳамчун андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ва 10 доллар хироҷи гумрукӣ ситонида мешавад. Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дода буд, ки бар иловаи ин 50 сомонӣ маблағи сабти IMEI ҳам аз сокинон гирифта мешавад. Қаблан сабти IMEI ройгон буд.

Ҳукумати Тоҷикистон қарори сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро моҳи марти соли 2020 содир карда буд. Сабти он дар Тоҷикистон тобистони имсол ҳатмӣ шуд. Дар сурати сабт накардани IMEI телефон аз сӯи ширкати “Нет Солюшнз” хомӯш карда мешавад.

Тибқи хабари мақомот, дар кишвар ҳудуди ду миллион рамзи фаъоли IMEI мавҷуд аст, вале ин шумораи умумии дастгоҳҳо нест, зеро яке аз онҳо метавонад ду ва зиёда рамз дошта бошад.

XS
SM
MD
LG