Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди Муъминов дароз нашуд. Кӣ сармураббии нави "Равшан" мешавад?


Тоҳирҷон Муъминов
Тоҳирҷон Муъминов

Тоҳирҷон Муъминов, мутахассиси 53-солаи футболи тоҷик, баъди ба итмом расидани шартномаи яксолаи ҳамкориаш ба ҳайси сармураббӣ дар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо аъзои бошгоҳ хайрухуш кард.

“Равшан” соли гузашта бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба нахуст соҳиби Ҷоми олӣ ё Суперкубоки Тоҷикистон гардида, баъдан ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2023 роҳ ёфт, вале дар бозии ниҳоӣ аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мағлуб шуда, бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

“Равшан” порсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барандаи медалҳои нуқра гардид ва ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2, ки имсол доир мегардад, мушарраф шуд.

Зимнан, “Равшан” соли гузашта дар Ҷоми AFC дар гурӯҳи худ бо касби се имтиёз ҷои сеюмро гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар даври баъдии мусобиқот бенасиб монд.

Ба иттилои бошгоҳи футболи “Равшан”-и Кӯлоб, исми сармураббии нави даста рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.

Тоҳирҷон Мӯъминов, ки 9-уми августи соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, солҳои мухталиф дар дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Энергетик”-и Душанбе ва “Наврӯз”-и Андиҷони Узбекистон бозӣ кардааст.

Вай аз соли 1992 то 2001 узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.

Тоҳирҷон Муъминов ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои “Энергетик” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Хайр” (Ваҳдат), “Равшан” (Кӯлоб), ССКА “Помир” (Душанбе) ва «Истаравшан» (Истаравшан), инчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст.

Ин мутахассиси варзидаи футболи тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси сармураббии яке аз бошгоҳҳои футболи ин кишвар ифои вазифа намудааст.

XS
SM
MD
LG