Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯҳонии узбекро дар Истанбул боздошт кардаанд


Алишер Турсунов (Мубашшир Аҳмад)
Алишер Турсунов (Мубашшир Аҳмад)

Алишер Турсунов, ки бо ному насаби Мубашшир Аҳмад маъруф аст, аз сӯи пулиси Туркия боздошт шудааст.

"Ибтидо мо нахостем дар ин бора ба ҷомеа иттилоъ диҳем, зеро бовар доштем, ки нофаҳмие шудааст ва набояд ҷомеаро ташвиш дод. Мо боварии қатъӣ доштем, ки айбҳо нисбати Мубашшир Аҳмад беасос ҳастанд ва вай озод мешавад. Вале, мутаассифона, вазъ тағйир кард", - хабар додааст сомонаи Azon Global, ки муассиаш Мубашшир Аҳмад аст.

Маълум нест, пулиси Туркия Мубашшир Аҳмадро дар чӣ ҷинояте айбдор мекунад.

Моҳи августи соли 2023 гуруҳи расонаҳои Azon (сомонаи Azon.uz, радиои онлайнии Azon FM, телевизиони онлайнии Azon TV), ки барномаҳои мазҳабӣ таҳия ва пахш мекарданд, аз кор монданд.

Он замон Мубашшир Аҳмад дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки: "Azon.uz ҳамаи тарҳҳояшро қатъ кард. Агар зарур донистем, сабабашро дертар эълом хоҳем кард".

XS
SM
MD
LG