Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили қирғиз худро аз ошёнаи дуюм ба замин партофт. ВИДЕО


Эмил Жамгирчиев
Эмил Жамгирчиев

Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон иҷоза дод, ки вакили порлумони он кишвар Эмил Жамгирчиев ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ҷаласаи комисия рӯзи 9-уми январ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Пеш аз шуруъи ҷаласа Жамгирчиев гуфт, ки бо айбҳои нисбаташ эъломшуда розӣ нест ва онҳоро таъқиби сиёсӣ меҳисобад.

Баъди тасмими кумисюни вакилон, муфаттишони Додситонии кулли Қирғизистон талош кардаанд, ки даъватнома барои бозпурсиро ба Жамгирчиев супоранд. Вай вориди яке аз утоқҳо шуда, аз ошёнаи дувум ба ҳавлии порлумон ҷаҳида ва аз тафтишот фирор кардааст.

Додситонии кулли Қирғизистон ин вакили порлумонро дар убури ғайриқонунии марз гумонбар мекунад. Аммо Эмил Жамгирчиев рӯзи 8-уми январ ин иттиҳомро рад кард.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки чанд маротиба Жамгирчиевро барои бозпурсӣ даъват карда буд, вале вакил ҳозир нашудааст. Як сол пеш Жамгирчиев иттилоъ дар бораи ғайриқонунӣ тарк кардани Қирғизистонро рад карда буд. Вай он замон гуфта буд, ки ба далели бемории падараш рухсатӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG