Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози додситонии Қирғизистон аз бегуноҳ эълом шудани блогер


Додситонии шаҳри Бишкек 8-уми январ аз додгоҳи пойтахти Қирғизистон хостааст, ки ҳукми бегуноҳ донистани блогер Ирис Жекшеналиев бекор карда шавад.

Вакили дифои блогер Кантемир Турдалиев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби айбдоркунанда дархост кардааст, ки парвандаи шахси зери ҳимояи ӯ аз нав тафтиш карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки дархости додситонӣ кай баррасӣ мешавад.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек блогер ва мудири саҳифаи "Полит Узник" дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ирис Жекшеналиевро, ки дар даъват ба бетартибиҳои оммавӣ гумонбар мешуд, ибтидои моҳи декабри соли гузашта бегуноҳ эълом кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 7 соли зиндон талаб карда буд.

Ирис Жекшеналиев 14 август боздошт шуд. Пештар ӯ дар саҳифаи "Полит Узник" изҳороти ду сол пеши раиси пешини Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Абдил Сеғизбоев дар робита ба кони ҷанҷолбарангези "Жетим-Тоо" нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG