Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен баъди боздид аз кишварҳои арабӣ ба Исроил рафт

Энтони Блинкен бо Муҳаммад бин Салмон
Энтони Блинкен бо Муҳаммад бин Салмон

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА рӯзи душанбе гуфт, чандин кишвари арабӣ ва Туркия барои ҳамоҳангсозии талошҳо бо Амрико, ки ҳадафашон барқарорсозии навори Ғазза, муайян кардани қаламрави сиёсии ояндаи он ва расидан ба сулҳу субот дар минтақа аст, омода ҳастанд.

Энтони Блинкен ахиран дар доираи як сафар аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Туркия, Урдун, Қатар, АМА ва Аарабистонӣ Саудӣ боздид кард.

Вай рӯзи душанбе пас аз мулоқот бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон гуфт, валиаҳд ба барқарории робитаҳои дипломатӣ бо Исроил дар сурати хотима бахшидан ба ҷанг дар Ғазза ва гузоштани гомҳои нахустин дар самти таъсиси давлати Фаластин алоқамандӣ баён кардааст.

"Алоқамандӣ дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Он метавонад вазъро тағйир диҳад", - изҳор дошт Блинкен.

Хабаргузории "Associated Press" навишта, ки розигии кишварҳои арабӣ ва Туркия барои оғози омодагиҳо ба барқарорсозии Ғазза аз тағйири мавқеи ин кишварҳо хабар медиҳад. Онҳо то ба ҳол ингуна даъватҳои Амрикоро рад карда, қатъи даргириҳо, беҳсозии вазъи фаластиниён дар Ғаззаро ҳамчун пешшартҳои созиш талаб мекарданд.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе бо раҳбарияти Исроил ва Фаластин мулоқот карда, пешниҳоди Туркия ва кишварҳои арабиро баррасӣ хоҳад кард. Сафари Блинкен ба минтақа баъди мулоқот бо президенти Миср ба поён хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG