Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон мехоҳанд барои 5 млн. кас ҷойи кор офаранд


Дар як ҷаласа, ки рӯзи 8 январ бо ҳузури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, масъалаи афзудани ҷойҳои корӣ дар он кишвар баррасӣ шудааст.

Ба иттилои расмӣ, шумори бекорон дар Узбекистон 1,3 млн-ро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ 2,4 млн. каси дигар вориди бозори корӣ мешавад.

Бо назардошти ин мақомоти Узбекистон ният доранд, дар соли 2024 барои 5 млн. кас ҷойи корӣ ташкил кунанд. Ба ин тартиб, 2,5 млн ҷойи корӣ дар бахши хидматрасонӣ, 2,1 млн. дар бахши кишоварзӣ ва қариб 400 ҳазор ҷойи дигар дар бахшҳои мухталиф ташкил хоҳад шуд.

Ба вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон дастур шудааст, ки барои ташкили ҷойҳои нави корӣ маблағ ва имконият пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG