Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили порлумони Қирғизистон убури ғайриқонунии марзро рад кард


Эмил Ҷамгирчиев
Эмил Ҷамгирчиев

Эмил Ҷамгирчиев, вакили порлумони Қирғизистон иттилои додситонии кулли он кишварро дар бораи убури ғайриқонунии марз рад кард. Ҷамгирчиев дар ин бора рӯзи 8 январ дар суҳбат бо расонаҳо изҳори назар кард.

Нахустин ҷаласаи комисияи вакилон дар масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардани Ҷамгирчиев рӯзи 8 январ доир шуд. Ҷаласаи дувум рӯзи 9 январ барпо мешавад ва дар он намояндагони Додситонии кул, КДАМ ва Додситонии низомӣ даъват мешаванд.

Додситонии кулли Қирғизистон ин вакили порлумонро дар убури ғайриқонунии марз гумонбар мекунад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки чанд маротиба Ҷамгирчиевро барои бозпурсӣ даъват карда буд, вале вакил ҳозир нашудааст. Як сол пеш Ҷамгирчиев иттилоъ дар бораи ғайриқонунӣ тарк кардани Қирғизистонро рад карда буд. Вай он замон гуфта буд, ки ба далели бемории падараш рухсатӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG