Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ба Қатар расид


Тими миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврал дар Қатар доир мегардад, 8-уми январ ба пойтахти ин кишвар – шаҳри Доҳа – расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Доҳа ҳайати мунтахаби кишварро намояндагони кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 истиқбол карда, ба ҳар як аъзои даста тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Banyan Tree Doha» зиндагӣ мекунад. Ба ҳайати ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё дар Қатар 26 футболбоз - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – шомиланд.

ҲАЙАТИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Курбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб), Далер Имомназаров («Эсхата», Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе), Алишер Шукуров («Кӯктош», Рӯдакӣ);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Сармураббӣ – Петар Шегрт

ИШТИРОКИ 24 ДАСТА ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2023

24 дастаи иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудааст:

Гурӯҳи «А»: Қатар, Чин, Тоҷикистон, Лубнон.

Гурӯҳи «В»: Австралия, Узбекистон, Сурия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, Фаластин.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн.

Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ, Тайланд, Қирғизистон, Умон.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

АВВАЛИН БОЗИИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БО ЧИН

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок хоҳад кард.

Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қатар, Лубнон ва Чин рақобат мекунад.

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13-уми январ бо дастаи Чин рӯбарӯ мешавад.

Футболбозони тоҷик дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми январ бо дастаи мизбон– мунтахаби Қатар - бозӣ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22-юми январ бо тими миллии Лубнон қувва меозмояд.

Футболбозони тоҷик дар Қатар бо либоси нави шарики фаннӣ ё техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон – ширкати итолиёвии «Macron» ба майдон меоянд.

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

13-уми январи 2024 (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Чин – Тоҷикистон

Доҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халиф

Даври 2-юм

17-уми январи 2024 (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Тоҷикистон - Қатар

Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Даври 3-юм

22-юми январи 2024 (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Лубнон

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG