Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсими либоси ройгон дар Тошканд ҷанҷолӣ шуд. ВИДЕО


Дар назди мағозаи Brand Rows дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 4-уми январ ҳарҷу марҷ ба вуҷуд омадааст. Ин мағоза як теъдод либоси зимистонаи мардонаро ройгон тақсим кардааст.

Пулиси шаҳри Тошканд гуфт, мардони зиёде дар назди мағоза ҷамъ шуда, бетартибӣ кардаанд. Бо дахолати пулис вазъ ба эътидол оварда шудааст.

Пулис мудири мағозаи "Брэнд Роус" ва 9 корманди онро бо айби "Вайрон кардани тартиботи баргузории чорабиниҳои оммавӣ" ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардааст. Ин афрод аз сӯи додгоҳ ҷарима шуданд.

XS
SM
MD
LG