Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: ба миллиардери Русия ҳавопаймо нафурӯхтаем


Вазорати нақлиёти Қазоқистон гуфт, хабарҳо дар бораи фурӯхтани ҳавопаймо ба сарватманди русиягӣ Олег Дерипаска воқеият надоранд.

Пештар расонаи "Вёрстка"-и Русия навишт, ширкати "Арсенал"-и марбут ба сарватманди русиягӣ Олег Дерипаска, ки баъди ҳамлаи густардаи Русия ба Украина нисбаташ таҳрим ҷорӣ шудааст, бо арзиши 35,8 млн доллар аз ширкати қазоқистонии Irtysh Air ҳавопаймо харидааст.

"Вёрстка" менависад, ҳавопаймои Falcon 7X соли 2016 истеҳсол шудааст. Дерипаска ин ҳавопайморо моҳи феврали соли 2023 харидорӣ кардааст.

Аммо Вазорати нақлиёти Қазоқистон гуфтааст, ин хабар дуруст нест, чун ин кишвар "ҳеч гоҳ чунин ҳавопаймо дар ихтиёр надошт."

XS
SM
MD
LG