Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастрикин хост, "наворҳои зодаи Тоҷикистон"-ро дар бораи духтарони рус бисанҷанд


Раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин дастур додааст, ки наворҳои таҳқиромез ва бадномкунанда дар бораи духтарони русро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ кунанд. Ин ниҳод дар нашру паҳни чунин наворҳо як зодаи Тоҷикистонро муттаҳам кардааст.

Дар хабарномае, ки рӯзи 6-уми январ Кумитаи тафтишотии Русия нашр кард, гуфта мешавад, ки "санҷиши пешакии наворҳои таҳқиромез дар бораи духтарони рус аллакай шурӯъ шудааст ва қазия таҳти назорати дастгоҳи марказии Кумитаи тафтишотӣ қарор дорад"

Ба иттилои ин ниҳод “дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дар бораи наворҳои саҳнасозишудаи зодаи Тоҷикистон нашр шудааст, ки дар он духтарони рус масхара ва таҳқир мешаванд”

Бастрикин аз касе ном набурдааст ва маълум нест, ки манзури вай кадом наворҳо аст, аммо чанде аз расонаҳои Русия навиштаанд, ки гап сари видеоҳои нашркардаи як блогере меравад, ки дар наворе мегӯяд, духтарони рус омодаанд, бо аввалин нафари вохӯрдаашон дар хиёбон буса кунанд ва рақами телефонашонро ба ӯ бидиҳанд.

Дар бархе аз гурӯҳҳои шабакаи Телеграм ин навор миёни корбарони рус вокуниши зиёд ба бор овардааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки раиси ин сохтор Александр Бастрикин ба сардори раёсат дар Маскав супориш додааст, ки “наворҳоро санҷида аз рафти тафтишот гузориш диҳад.”

Мавқеи Тоҷикистон дар ин бора маълум нест. Мавридҳои боздошту муҷозоти блогерон ва зодаҳои Тоҷикистон барои нашру паҳнсозии аксу наворҳои ҷанҷолӣ дар Русия, дар гузашта ҳам буданд.

Ду соли пеш Додгоҳе дар пойтахти Русия блогери тоҷик ва ширкаткунанда дар “пранк” ё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав - Кароматулло Ҷабборовро ба ду солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум карда буд. Блогери дигари тоҷик Руслан Бобиев (Талабҷон Муродҷонзода) барои аксҳои ҷанҷолӣ дар назди калисои Василийи Муқаддас дар Маскав 10 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда буд.

XS
SM
MD
LG